АКС: Иди зардолу ва фестивали гулҳо дар Суғд
Маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд шоми рӯзи шанбе 18 июн мизбони Иди зардолу ва ҷашнвораи гулҳо буд.
Ин намоиш бо иштироки 18 шаҳру ноҳияи шимоли кишвар дар Боғи Камоли Хуҷандии маркази Суғд баргузор шуд.
Хабарнигори “Озодагон” аз Иди зардолу ва фестивали гулҳо дидан кард ва чанд акс ҳам бо худ овард, ки пешниҳоди хонандаҳо мегардад.