ДАР ДУНЁИ ИМРӮЗ БО ДУРӮҒ ВА ДУЗДӢ НАМЕТАВОН ДУР РАФТ
Ҳумайрои Бахтиёр: Равоншиносон мегӯянд, бадтарин ҳолати инсон ин яъс ва ноумедӣ ҳаст. Шумо ҳамин чизро дар мардуми Тоҷикистон мушоҳида накардаед?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Бале, чунин аст. Шояд яке аз нуқтаҳои муҳим, ки имрӯз тарс, яъсу ноумедӣ ва дигар маризиҳоро дар ҷомеаи Тоҷикон ҳукумрон кардааст ин аст ки ҳисси таърих ё худро дар як давомнокии таърихи дидан, дигар қатъ шудааст. Мардум дар Шӯравии собиқ як мавқеи муайяни фикрӣ ва иҷтимоӣ доштанд ва худро қисми воқеии ҷаҳони онрӯз ҳис мекарданд. Гум кардани ҳисси таърих (historical sense) ба гуфти Нича хатои аслии файласуфон буд ва дар Тоҷикистон файласуф ҳам надорем. Ин як нуктаест, ки боиси набудани фикри мустақили сиёсӣ дар Тоҷикистон гардида ва ин аст ки сиёсатмадори воқеӣ ҳам надорем, ки моро имрӯз ба таърих ворид кардан тавонад. Қадами аввали ворид шудани Тоҷик ба таърих бо ёрии болшевикон дар ибтидои асри бистум гузошта шуд ва дар давраи истиқлол боястӣ қадами воқеӣ гузошта шавад. Ворид шудан ба таърих ин маънии сохтани ҷаҳон ё фазои будани Тоҷикон ва ё сохтани бунёди воқеии давлату миллати Тоҷикро дошт, ки дар он ҳар як тоҷикистонӣ бояд иштирок мекард ва ҷалолу шукуҳи ин равандро дар вуҷуди худ ҳис менамуд. Мутаассифона, сиёсатмадорони мо чи хел ки гуфтем “қудрат”-ро аз “қувва ва мансаб” ва “фазо”- ро аз “ҷой” фарқ карданро ёд нагирифтаанд ва надонистанд, ки ҷаҳонсозӣ, ба гуфти файласуфи муосири Итолиё Агамбен (Agamben) ин ҳаёти лучи мардумро бо ягон шакли ҳаёт пӯшонидан аст ва танҳо аз таъмир ва сохтани роҳҳо, мактабҳо, биноҳо иборат нест. Инчунин дар раванди сохтани ҷаҳон ё тарзи ҳаёти Тоҷикӣ идеологияи созанда (дониш ва ҳақиқат), ки мардумро дилгарм ва ҷамъ кардан тавонад, шакл мегирифт. Идеология, ки танҳо ҳарф ва хурофот нест. Идеологияи ҷомеасоз ва ҳуввиятсоз, ки аввал сиёсатмадорон ба дурустӣ ва ҳақ будани он имон дошта бошанд ва ҳудудҳои муайян кардаи Худованд ва қонунро зери по накарда, амал кунанд. Ин аст ки мардум ба хусус мардуми одии Тоҷикистон, ки дар Шӯравии собиқ фазоӣ иҷтимоии солимро таҷриба кардааст, ин ҳамаро хуб ҳис мекунанд ва мебинанд...
Ҳумайрои Бахтиёр: Агар воқеан мардуми мо чунин як руҳия дорад, он мо ва кишвари моро ба куҷо мебарад? Оё ноумедӣ сабаби ақибмонии ҷомеа намегардад?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Дигар ҷои бурдан намондааст, акнун ба нуқтаи даркорӣ расидаем ва он эътирофи ин нуқта аст, ки ба ин буҳрони давомдор хотима бахшидан даркор. Дасти фасодкоронро кутоҳ бояд кард ва аз воқеияти гап ба амали созанда бояд гузашт. Ба хусус ин “буржуазия”-и нави Тоҷик, ки на демократ, на коммунист ва на салафӣ будан ва на Тоҷик буданаш маълум аст, бояд аз илм ва дониш кор гирад, ки дар дунёи имрӯз чун дар ҳама вақтҳо, бо дурӯғ ва дуздӣ наметавон дур рафтан. Ҳатто шайху шоҳон ва сармоядорони дунё, ки сармоя ва моликияти меросӣ доштанд ба хулосае омадаанд, ки бо мардум ва дар ҷомеае бо ниҳодҳои солим дошта мебояд зист. Сармоя ва моликият барои доштан нест балки барои будан аст. Давлат ва миллатро бояд сохт ва онро танҳо аз як авлод ва як маҳал ва ҳатто аз минтақа наметавон сохтан, балки ҳама мардуми Тоҷикистон новобаста ба маҳал, мазҳаб ва миллаташон бояд дар ин сохтмон иштирок дошта бошанд, зеро фазое бояд созанд, ки дар он новобаста ба маҳдудаҳои зикршуда ҳама бояд зистан тавонанд. Ин ҷо як чизро гуфтаниам, ки воқеан, арзишҳои миллӣ ва иҷтимоӣ (сотсиалистӣ), ки дар маҳфилҳои Академияи улум ишора мекунанд, арзишҳои калидӣ ва таркибии сиёсати имрӯзаи барои инкишофи давлат ва муттаҳид сохтани ин миллат бояд бошанд, вале имрӯз вақте аст ки набояд бо равиши болшевикӣ бо мардуми худ ва бо фарҳанги мардуми худ бархӯрд кард.