ВКД: Маҳбуси фирорӣ безарар гардонда шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани Рамзуллохон Додохонов, маҳбусе, ки шаби 17 июн аз муассисаи ислоҳии 3/3-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд фирор кард, хабар додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, Додохонов соати 11:30-и рӯзи 19 июн дар пайи амалиёти муштараки Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд “ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан, аз силоҳи оташфишон аз ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонида шуд”.
Рамзуллохон Додохонови 28-сола ҳамроҳ бо ду маҳбуси дигар -- Ҳабибҷон Юсупови 36-cола ва Мирзозариф Қаюмови 30-сола соати 20:45-и шаби 17 июн ба иттилои ВУД “бо маслиҳати пешакӣ кушиши фирор аз муассисаи ислоҳиро намуданд”.
Вазорати умури дохилӣ 18 июн бо нашри як хабар гуфт, ҳангоми фирор Мирзозариф Қаюмов дар ҷойи ҳодиса аз ҷониби посбонони муассиса бо истифодаи силоҳи оташфишон кушта шудааст: “Юсупов Ҳ.Н. бо зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир карда шуд, Додохонов Р.Ҷ. баъди зарари ҷисмонӣ бардоштан аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”.
ВКД он замон бо нашри акси Рамзуллохон Додохонов гуфт, нафаронеро, ки дар боздошти ӯ ёрӣ медиҳанд, бо маблағи пулӣ қадр хоҳад кард.
Бино ба иттилои манобеъ, ҳангоми талоши фирор ва бархӯрд бо кормандони муассисаи ислоҳӣ, Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбияти маҳбас маҷруҳ шуда, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Рамзуллохон Додохонов (зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Исфара) барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба муҳлати 20 сол, Ҳабибҷон Юсупов (зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд) барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ барои 20 сол ва Мирзозариф Қаюмов (зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд) барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба муҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд.