Раҳбарии ширкати “Сомон Эйр” ба Томас Халлам вогузор шуд
Томас В. Халлам II раҳбари нави ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр" таъин шудааст. Ӯ дар ин вазифа Эвхенио Хайме Манзаноро иваз намуд.
Аз ин ширкат мегӯянд, Томас Халлам то ин замон раҳбари парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” буд.
Далели барканории Манзано шарҳ дода нашудааст.
Акс аз "Тоҷнюс"