Муҳаммад Боқир Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон рўзи сешанбе, 15-уми ноябр дар ёддоште ба таври зимнӣ даст доштани омилҳои хориҷиро дар инфиҷори анбори муҳиммоти ҷангӣ дар шаҳри Малард, 45-километрии Теҳрон, эътироф кард.
Ин дар ҳолест, ки дигар масъулони эронӣ ҳамчунон бар ҳодиса будани ин инфиҷор ва қасдан набудани он исрор меварзанд. Сарчашмаҳои иттилоотии иронӣ мегўянд дар таркиши рўзи шанбе 17 тан ба ҳалокат расида, қисме аз захоири аслиҳа зарар диддаст.
Ҳафтаномаи «Тайм»-и амрикоӣ бошад, дар робита ба ин мавзўъ навишт, ки матбуоти чопи Исроил дар матолиби худ ба шакли мубҳаму ғайримустақим натиҷагирӣ кардаанд, ки гўё Исроил дар ин ҳодиса даст доштааст.