Дуздии “BMW”-и 2,5 миллионии ҷавони тоҷик дар Маскав
Шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон ба мақомоти пулиси Маскав муроҷиат карда, арз доштааст, ки ду харидори эҳтимолӣ мошини “BMW”-и ӯро дуздидаанд.
Ин ҷавони тоҷикистонӣ, ки муваққатан бекор будааст, изҳор доштааст, ки тақрибан соати 21:00-и 16-уми июн мошинашро дар кӯчаи Витебск ба ду харидорӣ эҳтимолӣ нишон додааст: “Онҳо зимни азназаргузаронӣ савори “BMW” шуда, ба самти номаълум ғайб заданд”.
Мақомоти пулис мегӯянд, мошин пас аз як соат дар наздикии ҷои ҳодиса бидуни “харидорон” пайдо шудааст: “Феълан кофтукоби дуздҳо идома дошта, дар назар аст, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардад”.
Расонаҳои Русия арзиши “BMW”-и ҷавони тоҷикро 2,5 миллион рубл гуфтаанд.