Теҳрон мизбони ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон мешавад
Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар нимаи дуввуми имсол дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд. Ин замонро Иброҳим Худоёр, ройзани фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон дар дидори дирӯзи худ бо Абдулғаффор Абдулҷабборов, масъули равобити байналмилалии Вазорати фарҳанг муқаррар кардааст.
Дар ин ҳафтаи фарҳангӣ ҳунармандону фаъолони арсаи фарҳангу адаб ва осори дастӣ иштирок мекунанд. Дар ин дидор ҳамчунин тавофуқ шудааст, ки тирамоҳи имсол ҳамоиши муштараки “Сулҳ ва маънавият дар мероси адибони Эрон ва Тоҷикисон” баргузор мешавад. Ҳамоиши мазкур бо такя бар осори Рӯдакӣ, Мавлавӣ ва Саъдӣ доир мегардад. Бузургдошти ин шоирон ва баргузории намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе дар рӯзҳои 14 ва 16 сентябри соли равон мавзӯъи дигари ин дидор будааст.