Таҳрири Кодекси меҳнат: Мастӣ? Маош намегирӣ!
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси меҳнат дар таҳрири навро қабул кард.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 17-уми июн зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, Кодекси нави меҳнат дар пайи супориши раисиҷумҳур таҳия шуда, ба ҳифзи ҳуқуқи корманду корфармо равона шудааст.
Хонум Тағойзода афзуд, Кодекси нав аз 41 боб ва 366 модда иборат буда, муносиботи меҳнатии вакилони парлумон, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроияро низ фаро мегирад. Ӯ гуфт, бар асоси таҳрири нав барои кормандони соҳаи кишоварзӣ ва варзишгарон низ рухсатии меҳнатӣ пешбинӣ шудааст. Вазири меҳнат илова намуд, корфармо уҳдадор аст ба кормандоне, ки дар шароити вазнину хатарнок фаъолият доранд, либос, пойафзол ва ғизои табобатиро таъмин кунад. Ба гуфтаи муалллифон инчунин ҳар як корхона бояд ҷойҳои иловагӣ барои ба кор гирифтани маъюбон ҷудо намояд.
Азизмуҳаммад Холмаҳмадзода, вакили парлумон дар идомаи муаррифӣ гуфт, тибқи муқаррароти нави Кодекси меҳнат, агар истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ аз ҷониби корманд дар ҷои кор ба қайд гирифта шавад, роҳбар ҳақ дорад, шартномаро бекор кунад ва бепардохти музди меҳнат кормандро ҷавоб диҳад.
Инчунин Холмаҳмадзода изҳор дошт, дар доираи таҳрири нави Кодекси меҳнат агар корфармо кормандро бо гумроҳ кардан ба кор гирифтаасту созишнома бастааст, суд ҳақ дорад, ин шартномаро бекор кунад.