Пешниҳоди Исломобод ба Душанбе: Монеаҳои нодаркорро бардорем
Покистон ба хотири тавсеа додани тиҷорати транзитӣ ва сармоягузорӣ дар соли равон хостори бастани қарордоди тиҷоратии имтиёзӣ бо Тоҷикистон шудааст.
Хуррам Дастгир, вазири тиҷорати Покистон пешнависи ин иқдомро 16 июн ба Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержии Тоҷикистон дар Исломобод пешниҳод кардааст. Ин мақоми покистонӣ қайд кардааст, ки кишвараш мехоҳад ба хотири тиҷорати бештар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тариқи Тоҷикистон маҳдудиятҳои нохоста дар заминаҳои сармоягузорӣ ва тиҷорат миёни ду кишварро аз байн барад ва додугирифтро осон созад.
Умонзода ва Дастгир бо ишора ба анҷоми бомуваффақияти тарҳи “CASA-1000” ба эҳтимолияти кашфи хатти дигари интиқоли барқ аз роҳи водии Вахон ба Покистон ишора кардаанд. Дар ин дидор вазири энержии Тоҷикистон ҳамчунин ба ворид кардани нафти Ховари Миёна аввал ба Покистон ва баъди коркард ба Тоҷикисон ишора кардааст.
Гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон дар соли сипаришуда 64,5 миллион долларро ташкл дода, роҳбарони ду кишвар дар мулоқоти ахири худ хостори ба 500 миллион доллар расонидани ин рақам шуданд.