Сокини Душанбе ҳангоми кофтани чоҳ зери хок мондааст
Як ҷавони 23-сола зери хок монда, ба ҳалокат расидааст.
Манбаи “Озодагон” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса рӯзи 13 июн дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайвастааст: “Оятулло Камолов, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми кофтани чоҳ дар чуқурии тахминан 4,5-5 метр зери хок мемонад”.
Ба иттилои манбаъ, аҳолии деҳа баъд аз 14 дақиқа ҷасади ӯро аз зери хок берун намуда, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.
Охирҳои моҳи апрел Набиҷон Ғаниев, сокини 35-солаи рустои Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ҳангоми кофтани чоҳи зери хок монда буд.Он замон наҷотдиҳандаҳои Ситоди ҳолатҳои фавқулода баъди якуним соат муваффақ шуданд, ӯро аз чоҳ берун биёваранд.