Ҳушдори Қодиров ва омодагии "МЧС"-и Узбакистон ба чаппашавии "Сарез"
Равшан Қодиров, коршинос ва устоди донишкадаи сохтмону меъмории Тошканд гуфтааст кӯли Сарез метавонад қисмати бузурги Осиёи Миёнаро нобуд кунад.
Ин коршинос ба ҷамъи хабарнигорон дар сафорати Амрико дар Тошканд гуфтааст, касе мустаҳкамии банди табии кӯли Сарезро, ки 19 миллион тон об дорад, наметавонад дақиқ ҳисоб кунад. Ба бовари Равшан Қодиров ҳангоми боз шудани банди ин кӯл 6 миллион нафар зарар дида бахше аз сарзаминҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Афғонистон ва Узбакистон зери об мемонанд.
Ӯ мегӯяд дар сурати чаппа шудани сарбанди Сарез селоби якметрии он то баҳри Арал хоҳад расид, ки баробари резиши яксолаи об ба ин баҳр мебошад: “Тирмиз ва канали Бухоро зери об мемонанд”.
Равшан Қодиров гуфтааст Вазорати корҳои фавқулода -"МЧС"-и Узбакистон дар ҳамаи минтақаҳое, ки зери хатари эҳтимолӣ қарор доранд, пайваста тамрин мегузаронад ва барои интиқол додани мардум омодагӣ мебинанд: “Мутахассисони “МЧС”-и Узбакистон ва “Узгидромет" пайваста Сарезро назорат мекунанд ва низоми байналмилалии огоҳсозӣ аз хатари Сарез фаъол мебошад”.
Ин устоди донишкади Тошканд афзудааст, “мо мушкилиҳое ба монанди кӯли Сарез бисёр дорем. Онҳоро бояд бо ҳам ва аз мавқеи умумиинсонӣ ҳал кард. Инҳо масъалаҳои хусусияти ҳам башардӯстӣ, сиёсӣ ва ҳам умумиинсонӣ доранд. Хатар вуҷуд дорад, аммо он кай рух медиҳад мо намедонем. Бояд омода бошем”.
Кӯли Сарез шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб пайдо шудааст.