60 ҳазор сомонии Қодирӣ ба зарардидаҳои сел дар Айнӣ (АКС)
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба 20 хонаводаи аз сел зарардидаи рустои Дарғи ноҳияи Айнӣ кумаки молӣ кардааст.
Як сокини ин деҳа имрӯз, 16 июн ба “Озодагон” гуфт, раиси вилоят рӯзи гузашта дар садри як ҳайат аз ҳоли осебдидаҳо хабар гирифт ва ба ҳар хонавода 3000 сомонӣ тақдим кард.
Дар пайи боронҳои шадиди шоми 13 июн беш аз 15 манзили сокинони рустои Дарғи ноҳияи Айнӣ қисман хароб шуда, зиёда аз ду киллометр роҳи мошингард ва як пул тахриб шуд.