Се корманди пулиси Русия барои куштори Фаррух равонаи зиндон шуданд
Додгоҳи ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав се маъмури пулиси Русияро барои латту кӯби Фаррух Урозов, як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, ки боиси маргаш шуд, дар маҷмӯъ 21 солу 10 моҳ равонаи зиндон кард.
Кумита оид ба пешгирӣ аз шиканҷа мегӯяд, додгоҳ Владимир Гордеев, корманди ҷустуҷӯи ҷиноии шӯъбаи пулиси ноҳияи Солнечногорскро 7 солу 6 моҳ ва ҳамкорони ӯ Станислав Дейкуну ва Андрей Чернишевро 7 солу 4 моҳӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Ба иттилои манбаъ, муттаҳамон ин муҳлатро дар зиндони низомаш пурзур сипарӣ хоҳанд кард. Кумита оид ба пешгирӣ аз шиканҷа қаблан гуфта буд, додситон барои Гордеев нуҳ солу се моҳи зиндони низомаш шадид ва барои Дейкуну Чернишев нуҳ соли ҳабс талаб карда буд. Ин маъмурони пулис дар баромадан аз ваколати хизматӣ, истифодаи зӯроварӣ бо истифода аз ҷиҳози махсус ва расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки ба марги инсон сабаб шудааст, муттаҳам мешуданд.
Нахустин мурофиаи додгоҳии ин се маъмури пулиси Русия рӯзи 19 январ дар Додгоҳи ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав оғоз шуда буд. Кумитаи зидди шиканҷа қаблан аз қавли Илҳом Алихонов, бародари Фаррух, ки дар парванда ҳамчун ҷабрдида баромад мекунад, навишта буд, бегоҳи 17 сентябри соли 2014 маъмурини пулис ҳамроҳи Светлана, ҳамсоязани онҳо Фаррухро аз хоб бедор карда, ба идораи пулис бурданд. Баъдан муайян шудааст, ки Фаррухро дар таҷовуз ба номуси духтари 6-солаи Светлана айбдор мекунанд. Илҳом он замон гуфта буд, ки маъмурини пулис ӯро низ ба идораи пулис бурданд: “Он ҷо Фаррухрро дар яке аз утоқҳо латту кӯб мекарданд ва ӯ бо овози баланд дод мезад. Барои чанд лаҳза ҳангоми нимкушод будани дар Фаррухро дидам, ки бо дастони баста хунолуд рӯи фарш буд ва бо забони тоҷикӣ сӯи ман гуфт, ки “дигар тоқат карда наметавонам". Аз ҳама ҳайратовараш он буд, ки фарёди ҷонкоҳи Фаррухро маъмурини дигари пулис, ки аз роҳрави идора мегузаштанд, мешуниданд, аммо чорае наандешиданд".
Дар натиҷаи латту кӯб шаҳрванди Тоҷикистон шаби 17 ба 18 сентябр дар роҳрави шӯъбаи пулис ҷон бохтааст.