Исломшиноси №1-и Президент: Солҳои 1992-97 ҷанг зидди терроризми динӣ буд
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, оғози Истиқлолияти кишвар ба бархӯрди ду нерӯ-зиёиёни эҷодкори дунявӣ ва руҳониёни исломгаро рост омад.
Баротзода зимни конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Омилҳои асосии таҳкими Ваҳдати миллӣ дар шароити муосир: вазъ ва дурнамо» дар Душанбе изҳор доштааст, ки ҳангоми расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар баробари мақомоти амалкунандаи сиёсӣ дар фазои сиёсии ҷумҳурии мо боз ду гурӯҳи асосии қудратхоҳ рӯи кор омад: “Яке неруи зиёиёни эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард. Дигаре, рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд ва ба пиндори худ ҳеҷ даъвои сиёсӣ не, балки нияти ислоҳоти динию ахлоқии ҷомеаро доштанд. Ин ду неруи сиёсӣ аслан ният доштанд бо дастгирии сарпарастони хориҷӣ қудрати сиёсиро ба даст оваранд ва бар зарари манфиатҳои миллӣ бо онҳо ҳамкорӣ карданд”.
Раиси Маркази исломшиносӣ вазъи солҳои 90-уми Тоҷикистонро ба замони таназзули давлати Сомониён монанд карда, афзудааст, ки раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина муҳайё сохт ва тадриҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид: “Ин ҳизб арзишҳои воло ва муқаддасоти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ истифода мебурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуд, вале тасаввуроти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф намекард. Онҳо таъсиси давлати исломиро бо ченакҳои қуруни вустоӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии ҷавонон талқин мекарданд”.
Ба ақидаи Баротзода солҳои 90-ум дар Тоҷикистон тамоми заминаҳо барои аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд: “ Қумондонҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд. Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонист масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гирад”.
Ба назари раиси Маркази исломшиносӣ омили таъсиргузортарин барои ба даст овардани Ваҳдати миллии тоҷикон ин интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти баъдинаи ӯ мебошад.
Баротзода таъкид намудааст, ки ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин бидонад, ки дар ҳамон солҳои мудҳиши 1992-1997 миллати тоҷик тамоми масъулияти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми диниро ба дӯши худ гирифта, бар ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ паҳншавии онро дар минтақа ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард: “Насли ҷавони мо бояд аз ин ҳақиқати талх, вале бисёр наҷиби таърихи навини миллати мо огоҳ бошад, ба қадру манзалаташ бирасад ва онро арҷгузорӣ намояд”.