Пешниҳоди санъаткорон барои ташкили кӯчаи эҷодӣ дар Душанбе
Маина Швартс
Як гуруҳ сокинон ва эҷодкорони Тоҷикистон пешниҳод доранд, ки дар Душанбе монанди дигар шаҳрҳои ҷаҳон кӯчаи эҷодӣ ташкил гардад ва чанд ҷои мувофиқро низ номбар намудаанд.
Ба гуфтаи ташаббускорон дар ҷаҳони муосир дар кӯчаҳо баромад карданро айб намедонанд. Ҳар як нафари эҷодкор таъйид карда метавонад, ки далели асосии маҳорат дар пеши одамони ношинос бадоҳатан баромад кардан мебошад.
Дар аксар шаҳрҳои ҷаҳон шумо ҳам метавонед ба кӯчаи махсусе сар бизанед, ки фарҳанги он кишвар, санъат ва косибии муосири онро инъикос мекунад. Ин кӯча визит-корти ҳамон шаҳр мешавад.
Аммо дар Тоҷикистон то ҳол чунин кӯчаи махсус вуҷуд надорад. Галереяҳои зиёд ва толорҳои намоишӣ вуҷуд доранд, аммо на ҳар як кас, алалхусус меҳмонони дуру наздик метавонанд онҳоро пайдо кунанд.
Маъмулан дар дигар кишварҳо, дар чунин кӯчаҳои эҷодӣ одамон ба санъатҳои гуногун машғул мешаванд.
Ҳамкасбони мо қисса мекунанд, ки дар хориҷа чизҳои аҷоиб-ул-ғароибро дидан мумкин аст.
Субҳон Ҷалилов, директори радиои «Ватан» мегӯяд: “Дар кӯчаи эҷодии Варшава ман шоҳид будам, ки оҳангсози маъруфи лаҳистонӣ дар роял оҳанг менавохт. Тамошобиноне, киҷамъ омада буданд, бо қаноатмандӣ ӯро гӯш мекарданд. То замоне ки ӯ навохтанро тамом накард, онҳо на мағал карданд ва на пароканда шуданд. Бачаҳои волонтёр ҳар бор ба ӯ кумак мекарданд, ки роялро биёранду бибаранд”.
Журналист Рустам Маҷидов қисса мекунад, ки дар Тайм-сквери Ню -Йорк ӯ бачаҳоеро дидааст, ки дар ашёи гуногуне, ки барои навохтани мусиқӣ пешбинӣ нашуда буданд, оҳанг менавохтанд: «Онҳо дар пеши худ зарфҳои ошпазхона, сатилҳо, қуттиҳоро гузошта, ба навохтани мусиқӣ шурӯъ карданд. Бачаҳо ҳамдигарро пурра намуда, бо забони мусиқӣ бо ҳамдигар гуфтугӯ мекарданд».
Баъзан ҳатто пешгӯӣ кардан мушкил аст, ки дар дасти одами эҷодкор чӣ чиз метавонад сози мусиқӣ шавад. Барои инсонҳои эҷодкор дар тамоми кишварҳо ҷое лозим аст, ки имконоти худро истифода бурда тавонанд. Дар бархе ҳолатҳо дар зери осмони кушод чунин муҳит худ ба худ ба вуҷуд меояд. Баъзан ҳукуматҳо ва ё худи ҷомеа ёрӣ ва мусодиат мекунанд.
Ба қавли ҳамсояҳои узбаки мо кӯчаи эҷодӣ дар хиёбони Инқилоб дар шаҳри Тошканд ба таври худҷӯш ташкил шудааст. Эҷодкорон мехостанд идеяҳои худро дар амал татбиқ кунанд. Онҳо зарурат доштанд биофаранд. Аз ин рӯ дар маркази шаҳр ҷамъ омада, расмҳо мекашиданд, мусиқӣ менавохтанд, саҳначаҳоро ба намоиш мегузоштанд. Дар ибтидо милисаҳо онҳоро меронданд, аммо бо мурури замон Арбати Тошкандро ҳама эътироф карданд ва ҳоло намояндаҳои фарҳанг тарс надоранд, ки онҳоро пеш мекунанд, балки ором дар фазои кушод эҷод менамоянд.
Дар Қирғизистони ҳамсоя эҷодкорон дар гузаргоҳи пиёдагардон дар маркази шаҳри Ош ҷамъ меомаданд. Ин корро онҳо ба таври ғайрирасмӣ анҷом медоданд ва мисли ҳамкасбони узбаки худ ба муқобилияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучор мешуданд.
Бинобар ин, сокинон ба унвони раиси шаҳр нома навиштанд ва барои эшон дар булвари Эркендик, дар маркази шаҳр ҷой ҷудо шуд. Ҳоло сокинони Ош ҳар бегоҳ баъди кор ин ҷо барои дамгирӣ меоянд.
Ходими ҷамъятӣ, тарҷумон ва мунаққид Амал Хонум Гаҷиева ба ин бовар аст, ки пайдо шудани кӯча барои эҷодкорон ба рушди интеллектуалии ҷавонон мусоидат мекунад. «Алалхусус онҳое, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баланд гап мезананду дашном мекунанд, ба ҷои ин ба санъат мепайванданд. Рассомон ва косибон дар фазои кушод метавонанд мастер-классҳо доир кунанд».
Дар иртибот ба шаҳри Душанбе ҳаминро зикр кардан зарур аст, ки баъди муҳокимаи шаҳрвандон якчанд ҷое муайян гардид, ки дар онҷо сокинон кӯчаи эҷодкоронро дидан мехоҳанд. Инҳо парки майдони 800-солагии Москва дар назди Театри опера ва балет, парки назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, парки ба номиАбулқосим Лоҳутӣ, гулгашт дар қафои муҷассамаи Сомонӣ ва ҳатто Боғи ботаникӣ мебошанд.
Шоҳҷамшед Умарӣ, директори фестивали театрӣ, бунёдгузори гурӯҳи театрии «Нигоҳи нав» чунин меҳисобад, ки ҷои аз ҳама муносиб назди Театри опера ва балет мебошад: «Чои муносиб нисбат ба маркази шаҳр мебошад. Наздикии театр ба фаъолияти эҷодӣ моил мекунад. Ба ҷойҳои дурдаст одамон махсус барои дидани кӯчаи эҷодӣ намераванд. Гузашта аз ин, дар чунин ҷойҳо муҳити муносиб вуҷуд дошта наметавонад. Мавҷудияти ҳамин гуна ҷазираи эҷодӣ метавонад барои пайдо кардани шогирдон аз ҷониби косибон, мусиқинавозони театр, рассомон низ муфид анҷом ёбад».
Аммо Вафо Назаров, рассоми халқии Тоҷикистон дар ин маврид назари дигар дорад. Ба фикри ӯ аз ин ки ин кӯчаи эҷодӣ дуртар аз маркази пойтахт таъсис меёбад, набояд нигарон шуд: «Маркази шаҳри мо доим бозсозӣ шуда истодааст. Чунин шуданаш мумкин аст, ки барои кӯчаи эҷодӣ майдон ҷудо мекунанду як сол баъд тасмим мегиранд, ки он ҷо манзили баландошёна сохта шавад. Дар лоиҳае, ки ҳукумати шаҳри Душанбе дар мавриди бозсозии парки «Дӯстии халқҳо» пешниҳод кардааст, дар бораи ташкили кӯчаи эҷодӣ гуфта шудааст. Умед мекунем, ки барои рассомон дар он кӯча ҷои муносиб пайдо мешавад. Фикри ман ин аст, ки шаҳр бояд ба тарафи ҷанубу шарқӣ васеъ шавад. Дар он сурат маркази дуюм ташкил мешавад. Хеле зебо аст, вақте ки аз миёни шаҳр дарё мегузарад, алалхусус агар системаи каскадҳо барои пуробӣ истифода шавад. Гузашта аз ин, он тарафи Душанбе аз лиҳози тобоварӣ ба зилзила муносибтар аст».
Кӯчаи эҷодкорон бояд ба хонаҳои истиқоматӣ наздик набошад, кӯчаи протоколӣ ва ҷойҳоеро, ки диплломатҳои хориҷӣ барои гуфтушунид меоянд, убур накунад.
Беҳтарин макон-ҷои соя бо роҳгардҳои калон, дар наздикии мағозаҳо, қаҳвахонаҳо ва ресторанҳо мебошад. Ҳамчунин дастрасӣ ба нақлиёт низ омили муҳим маҳсуб меёбад. Умед мебандем, ки маъмурияти шаҳр ташаббуси сокинонро дастгирӣ карда имкон медиҳад, ки боз як ҷои диданӣ дар пойтахти мо –Душанбе ба вуҷуд биояд.