Шинохти нави Бобомуллоев: Тоҷик маънои зардуштиро дошт (ВИДЕО)
Саидмурод Бобомуллоев, доктори илми таърих ва бостоншиноси Акадмияи улуми Тоҷикистон муътақид аст, ки вожаи тоҷик то қарни 10 ҳамчун атрибути динӣ буд.
Ӯ аснои суханронӣ дар мавзӯи “Решашиносии вожаи тоҷик дар сарчашмаҳои тоисломӣ” гуфт, “аз давраи Ашкониён то асри 10 вожаи тоҷик этноним набуд, балки тоҷик ҳамчун атрибути динӣ буд, яъне тоҷик бо онҳое мегуфтанд, ки муътақиди оини зардуштӣ буданд”.
Ба назари Саидмурод Бобомуллоев, танҳо баъди омадани дини Ислом мардуми маҳаллӣ то андозае бо арабҳо махлут шуданд: “Бигзор дигарон қабул накунанд. Дар асоси форсҳо, суғдиҳо, сакоиҳо, бохтариҳо як этноси нав пайдо шуд, ки ин этнос бо номи халқияти тоҷик дар таърих боқӣ монд”.
Ҷаноби Бобомуллоев ҳамчунин гуфт, баъд аз асри 10 то кунун забони шеър миёни мардуми Эрон, Афғонистон ва Осиёи Марказӣ як буд, вале забони асосӣ, яъне дафтару дафтардорӣ имрӯз комилан фарқ мекунад.
Тафсилоти назароти дигари ин таърихдони тоҷикро дар мавриди маъноҳо ва шинохтҳо аз тоҷик дар сарчашмаҳои тоисломии “юнонӣ, чинӣ, арманӣ, тибетӣ” ва дар мавриди тафовутҳои имрӯзи забони форсӣ дар видеои зер бубинед.