Пас аз зӯҳри дирӯз (15-уми ноябр) дар ҳузури хабарнигорон номбурда гуфт, вазъи муҳоҷирон пас аз зиндонӣ шудани халабонҳои рус ба таври ҷиддӣ тағйир наёфтааст.Ҷаноби Девонаев афзуд, муҳоҷирони тоҷик мушкили иҷозатномаи корӣ ва санади иқоматиро то имрӯз ҳам дар Русия доштанд. «Шукр бояд кард, ки имрӯзҳо ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан худи вай ба масъалаи муҳоҷират таваҷҷӯҳи бештар медиҳанд»,-мегӯяд ӯ. Девонаев ҳамчунин гуфт: «Бубинед, мо ниҳоди тозатаъсис, якбора ба тамоми мушкилоти муҳоҷират расидагӣ карда наметавонем. Ҳамин утоқи кории маро бубинед. Ҳатто ҷиҳози муносиб надорад. Агар нафаре инҷо биёяд, ин мизу курсии маро дида мегӯяд, ки Девонаев як «колхоз» будааст, ки утоқи кориаш чунин шароит дорад. Бо ин гуна шароиат кори хуб намешавад».
Дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар мавриди ҳарфҳои Генадий Онишенко, сардори хадамоти беҳдошти Русия ҷаноби Девонаев гуфт, ки мо қаблан ҳам пешниҳод доштем, ки муҳоҷирони меҳнатӣ қабл аз сафар аз ташхиси тиббӣ гузаронида шаванд. Зеро, гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бемориҳое доранд, ки он дар шароити Русия тобовар нест.
-Агар то 9-уми ноябри соли ҷорӣ мақомоти марбутаи Русия ҳамагӣ 84 нафар муҳоҷири тоҷикро барои ҳуқуқвайронкунӣ боздошт карда бошанд, пас давоми 7 рӯзи дигар ин нишондод ба 245 нафар расид. Ҷаноби Девонаев мегӯяд, ки пас аз оғози «шикор»-и тоҷикон борҳо бо масъулини муҳоҷирати Русия гуфтушунид анҷом дода, вазъият таҳти назорат мебошад.Тибқи иттилои хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли ба Тоҷикистон 396 тобути шаҳрвандон аз ҳудуди Русия ворид шудааст, ки ба ҳисоби миёна дар 1 рӯз 2 тобут рост меояд.