Муроҷиати зани маъюб ба Президент ва мардум: Мувофиқи имкон кӯмак кунед
Ашурмо Сатторова, сокини 40-солаи деҳаи Моғиёни шаҳри Панҷакент, ки маъюби модарзод аст, аз мардуму Президенти Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки мувофиқи имкон ба ӯ кӯмак кунанд.
Сатторова имрӯз, 15-уми июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, маъюби гуруҳи якум мебошад ва модарзод пойҳояш ҳаракат намекунанд: “Қариб тамоми ҳаётам дар як ҳуҷра, ки як тиреза дорад, гузашт. Дунёи берунро аз ҳамин тиреза мебинам. Ростӣ телевизор ҳам надорам. Фақат, як телефон дорам, ки онро ахиран як нафар хайрхоҳ ба ман туҳфа дод”.
Ин зани ниёзманд гуфт, беҳаракатӣ тайи даҳсолаҳо боис шуд, ки ахиран пойҳояш варами аз ҳад зиёд карданд: “Варами пойи чапам аз ҳад зиёд шуду 3 моҳ пеш мардум 5-10 сомонӣ ҷамъ карда, 1500 сомонӣ доданд ва бори нахуст дар 40 соли умрам дар беморхона табобат гирифтам. Поямро ҷарроҳӣ карданд, давоми 38 рӯз дар беморхонаи шаҳр табобат гирифтам, вале то ҳол ҷарроҳии поям азиятам медиҳад”.
Хонум Ашӯрмо дар хонавода ҳамроҳ бо падару модар ва бародараш фақирона зиндагӣ мекунанд: “Худам ҳаракат карда наметавонам бинобар ин гоҳ-гоҳ маро аз як ҷо гирифта дар дигар ҷо мемонанд. Баъзан ба як нон рӯзамонро мегузаронем. 130 сомонӣ нафақа дорам, ки намерасад. Ҳозир рӯза дорам, намозамро ҳам мехонам”.
Ашурмо Сатторова гуфт, бисёр мехоҳад, ки бори дигар табобат гираду дарду варами пойҳояшро сабук кунад. Афроде, ки имкон ва аз ҳама муҳим хоҳиши кӯмак доранд, метавонанд тариқи рақамҳои 92 641 67 54 бо ин зани ниёзманд дар тамос шаванд, зеро дар ҳоли ҳозир телефон ва тирезаи ҳуҷрааш ягона воситаи робитаи Ашӯрмо бо олами берун мебошанд.