Талаби 238800 сомонӣ зарари маънавии наздикони сарбози кушташуда
Рӯзи ҷумъаи 17 июн Додгоҳи гарнизони низомии шаҳри Душанбе ба баррасии шикояти наздикони Фирдавс Раҳматов барои пардохти 238 ҳазору 800 сомонӣ зарарӣ маънавӣ шурӯъ мекунад.
Фирдавс Раҳматов, ки дар қисми низомии 04080-и Вазорати мудофиа хидмат мекард, баъди як моҳ ба таври мармуз ба ҳалокат расид.
Созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки аз оғоз қазияи марбут ба марги Раҳматовро пайгирӣ дорад, мегӯяд, дар мурофиаи рӯзи ҷумъа вакилони ин созмон аз ҳуқуқҳои наздикони Фирдавс ҳимоят хоҳанд кард.
Бино ба иттилои наздикон Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр, ӯ рӯзи 7 майи соли 2015 тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шуда, масъулини қисми низомӣ шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади ӯро ба манзилаш овардаанд. Нахуст сабаби марги Раҳматов “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфта шуд, аммо Дилором Раҳматова, модари ӯ гуфт, фарзандаш бар асари латту кӯб ҷон додааст. Ба дунбол, парвандаи ҷинояти оғоз гардид ва моҳи октябри соли сипаришуда Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд дар марги Фирдавс се нафарро муҷрим шинохт. Ба ин тартиб сержант Раббонӣ Сулаймонов 18 сол, сержант Комрон Раҳимов 17.5 ва сарбози қаторӣ Айём Назаров 17 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.