Кӯмаки коллексионери рус барои ҷарроҳии навраси тоҷик (АКС)
Юлия Вербитская, коллексионери рус барои ҷарроҳии чашми Муҳаммад Ҷӯраев, навраси 12 - солаи тоҷик 50 ҳазор рубл кӯмак кардааст.
Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия Юлия Вербитская кӯмакпулиро ба Мария Терехова, раҳбари бунёди хайрияи «Простые вещи» дода, хостааст, ки онро ба хонаводаи ниёзманди тоҷик расонад.
Ин коллексионери рус дар мулоқот бо Имомуддин Сатторов, сафири тоҷик дар Маскав изҳор доштааст, ки баъди огоҳӣ аз кӯмаки раҳбари гуруҳи “Любэ” ба тоҷикони бемор ӯ низ тасмим гирифт, ки ба навраси ниёзманди тоҷик ёрӣ расонад: “Ман аз вазъияти мушкили модар ва писархонди ӯ хабар ёфтам ва бо он эҳтироми баланде, ки ба мардуми тоҷик дорам, тасмим кумак карданро гирифтам”.
Имомуддин Сатторов ҳангоми сипосгузорӣ изҳор доштааст, ки “боварӣ дорам амалкарди шумо намунаи ибрат барои бисёриҳо аст ва мо ин гуна иқдоми хайриявиро шоҳид хоҳем шуд.”
Тибқи иттилои сафорат Терехова кӯмакпулии Вербитскаяро ба Мастона Назарова, модари навраси тоҷик расондаст.
Коллексионер Вербитская бо таваҷҷуҳаш ба осори наққошони Тоҷикистон маъруф буда, ба гуфтаи худаш то ҳол беш аз 300 мусаввараро ҷамъоварӣ кардааст. Ӯ соли гузашта зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Уфа, мусаввараҳои гирдовардаи худро аз эҷодиёти рассомони маъруфти тоҷик, аз қабили Зуҳур Ҳабибуллоев, Муриват Бекназаров, Акмал Миршакар, Сабзалӣ Шарипов ва дигарон ба намоиш гузошта буд.