Президент Зуевро барои анҷоми ваколаташ ба ҳузур пазируфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми июн дар Қасри миллат ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро бинобар анҷоми ваколаташ дар ин вазифа ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди ҳамкориҳо бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз рушди бештари робитаҳо баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола манфиатдор аст.
Манбаъ мегӯяд, Александр Зуев ба Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати созанда ва ҳамкории пурсамари Ҳукумати Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки минбаъд ҳам талош мекунад, то муносибатҳои манфиатбахши тарафайн идома ёбанд.
Ҷонибҳо расондани кумаки техникиро ба Тоҷикистон омили муҳиме баҳри ноил гардидан ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат арзёбӣ кардаанд.