Номаи Зоиров ба Президент: Аз танишҳои дохилӣ то раҳоии маҳбусону бозгашти Ваҳдат
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо навиштани як нома унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, кишвар шадидан ба коҳиш додани танишҳои геополитикӣ ва дохилӣ ниёз дорад.
Ҷаноби Зойиров дар номааш гуфтааст, Тоҷикистон махсусан дар арсаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва идеологӣ дар ҳолати дарҳамбарҳамӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ ҷомеаи Тоҷикистон ба ду урдугоҳ тақсим шудааст, ки яке “мушт ба сина мезанад ва ба таъриф машғул аст. Тарафи дигар худашро аз гуноҳ дур мегирад. Рӯйдодҳои 2 соли ахир ҳам дар саҳнаи дохилӣ ва ҳам хориҷӣ гувоҳи ин гуфтаҳост.”
Раиси ҲСДТ гуфтааст, Тоҷикистон ҳудуди 25 сол ба ҳайси як кишвари мустақил ва соҳибихиёр аст ва “дастоварди асосии Тоҷикистон тӯли ҳамин солҳо, будуни шак, ваҳдати миллӣ буд, ки аз он ифтихор доштем ва ҳоло наздики як сол аст, ки вуҷуд надорад”.
Бо зикри ин нукта Зойиров таъкид кардааст, “ин ҷашнро бояд дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои созанда ба мардуми Тоҷикистон баргардонд”.
Ӯ дар идомаи номааш навиштааст: “Мушкили аслии кишвар ин аст, ки низоми ҳокимият дар Тоҷикистон тоталитарӣ шудааст. Усули фаъолияти он вобаста кардани манофеи ҷомеа ва шахс ба манфиатҳои ҳокимияти давлат аст. Тоҷикистон қонунан кишвари идеологӣ шудааст, ки дар чаҳорчӯби Қонуни асосӣ пазируфтанӣ нест”.
Раҳматилло Зойиров бо ишора ба таҷрибаи ҷаҳонӣ афзудааст, авлавияти идеология барои давлат маънии аз байн бурдани касбият ва шоистагии кормандони давлат мебошад. Ба ин тартиб, ба гуфтаи Зойиров коҳиш додани танишҳои геополитикӣ ва сиёсати дохилӣ аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва равонӣ ҳам ногузир аст.
Зойиров дар бахши дигаре аз номаи худ ба Президент ба масъалаи иқтисодӣ пардохта навиштааст: “Агар дар Русия коршиносон бихоҳанд Путинро барои зарурати таҳрики иқтисодиёт муътақид кунанд, дар Тоҷикистон ин чиз ба се сабаб номумкин аст. Аввал худи иқтисод вуҷуд надорад, дуюм механизми таҳрик додани иқтисод фароҳам нест ва сеюм бидуни ислоҳи куллии сохтори иқтисоди феълӣ, ин чиз ғайри қобили қабул аст”.
Раиси ҲСДТ барои тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон фароҳам кардани шароит барои маблағгузориро зарур хондааст. Гуфтаи ӯ барои ин пеш аз ҳама бояд танишҳои геополитикӣ ва дохилӣ коҳиш дода шаванд: “Тоҷикистон аз ҷиҳати фанноварӣ ақибмонда аст ва оддитарин рақобати солим вуҷуд надорад”.
Дар ҳамин ҳол Зойиров пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро зарур медонад, ки ба гуфтаи ӯ “ба воситаи он имкони дастёбӣ ба занҷираи технологии ҷаҳонӣ имконпазир аст.”
Ба бовари Раҳматилло Зойиров, ҷоҳталабиҳои раисиҷумҳур ва тамаллуқи мансабдорон ба мутамаркиз шудани ҳамаи ҳокимияти давлат дар шахсияти Президент оварда расонидааст: “Бинобар ин аз бархе аз салоҳиятҳои худ даст кашед ва худатон мӯътақид мешавед, ки фавран дар кишвар кор, дақиқтар тавозун дар ваҳдат ва таҷзияи ҳокимият пайдо мешавад”.
Раҳбари ҲСДТ дар поёни номааш ба масъалаи Ваҳдати миллӣ пардохта гуфтааст, ки барои “ҳадя кардани сулҳ ва итминон омодагӣ, шаффофият ва башардӯстӣ лозим аст. Барои ҳамин пешниҳод мекунам, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Шуҳрат Қудратов ва раҳбарону фаъолони ҲНИТ-ро, ки шахсан ба ҷинояти хушунатомез даст назадаанд, ба маносибати 25 солагии Истиқлолияти кишвар озод кунед”.