Мониторинги Бонки Миллӣ: Чӣ арзон шуду чӣ қимат?
Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, сатҳи таваррум дар як моҳи гузашта раванди коҳишёбӣ дошта, ба 0,2 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба моҳи қаблӣ 0,2 банди фоизӣ ва моҳи майи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ камтар аст.
Ин ниҳод дар пайи мониторинги бозорҳои Тоҷикистон изҳор доштааст, ки моҳи майи соли равон дар кишвар нархи картошка, пиёз, карам, гӯшти гӯсфанд, гӯшти мурғ, шир, помидор, бодиринг, семент ва гази моеъ арзонтар шуд: “Ҳамзамон дар давоми моҳи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ болоравии нархи миёнаи маҳсулоти полизӣ, биринҷ, нахӯд, мош ва маҳсулоти хусусияти мавсимӣ дошта, аз ҷумла сабзӣ, себ, нок, тухм ва шакар мушоҳида гардид”.
Дар маҷмуъ Бонки Миллӣ таъкид мекунад, ки давоми 5 моҳи гузашта сатҳи таваррум 2,7 фоиз ва тайи 12 моҳи охир дар сатҳи 5,2 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ кам мебошад.