Генерали амрикоӣ ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза ба терроризм баҳои баланд додааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 15 июн дар мулоқот бо генерал Ҷозеф Л. Вотел, Фармондеҳи фармондеҳии марказии Қувваҳои мусаллаҳи Амрико рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мудофиа ва амнияту суботи минтақавию байналмилалиро баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор гуфтааст, “ҷониби Тоҷикистон ҳамкории худро бо Амрико дар ҷодаи амниятӣ омили муҳими нигоҳдориву таҳкими сулҳу субот дар минтақа бахусус дар Афғонистон арзёбӣ намуда таъкид медорад, ки ин масоил дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон ҷойгаҳи хоссаи худро дорад”.
Ба иттилои манбаъ, генерали амрикоӣ ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баҳои баланд додааст. Ба таъкиди Ҷозеф Л. Вотел, сатҳу сифати ҳамкорӣ ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн буда, рушди бемайлони онҳо дар оянда барои таҳкими бештари иқтидори марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мусоидат менамояд. “Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Барномаи кӯмаки байналмилалии молиявии Штатҳои Муттаҳидаи Америка,ҳамгироии муштарак дар бунёд ва ҷиҳозонидани инфрасохтори муосири сарҳадбонии Тоҷикистон, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси низомӣ барои Қувваҳои мусаллаҳ ва зиёд кардани иқтидору зарфияти воҳидҳои амниятию зиддитеррористӣ табодули афкор намуданд”,-гуфт дафтари матбуоти раисиҷумҳур.