Кашфи “Гӯри Лайлӣ ва Маҷнун” дар Балҷувон (АКС+ВИДЕО)
Дар ҷараёни ҷустуҷӯҳои археологӣ дар ноҳияи Балҷувон қабри қадимии як ҷуфт пайдо шудааст, ки шартан номи “Гӯри Лайлӣ ва Маҷнун”-ро гирифтааст.
Ҷустуҷӯҳои археологӣ дар Балҷувон бар пояи “Барномаи маҷмӯи рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ барои солҳои 2000–2016” анҷом мешавад. Шурӯъ аз соли 2011 як ҳайати бостоншиносони Русия бо раҳбарии Надежда Дубова, доктори илмҳои таърих ва биология ба Тоҷикистон омада, ҳамроҳ бо ҳамтоҳои тоҷики худ ба омӯзиш ва ҳафриёт машғуланд. Гуруҳи бостоншиносони Тоҷикистонро Татяна Филимонова, номзади илмҳои таърих аз Институти бостоншиносии Академияи илмҳо раҳбарӣ мекунад.
Бостоншиносони тоҷику рус дар мавзеи Қумби деҳаи Шоимайдони ҷамоати Сари Хосор ба ҳафриёт машғул шуда, аз онҷо қабрҳои қадимие пайдо кардаанд, ки бо усулҳои гуногун гӯронда шудаанд. Дар ин қабрҳо ҳамроҳ бо ҷасад кӯзача, ханҷар, ороишоти занона ва тангаҳо бо навиштаҷоти гуногун ҳам будааст. Аммо диққати бостоншиносонро қабре ба худ ҷалб кардааст, ки дар он ду ҷасад на паҳлӯи ҳам, балки болои ҳам гӯронда шудаанд. Ин қабрро онҳо шартан “Гӯри Лайлӣ ва Маҷнун” ном гузоштаанд.
Шамсулло Аҳадов, коршиноси соҳаи сайёҳӣ, ки гуруҳи бостоншиносонро ҳамроҳӣ мекунад, ба “Озодагон гуфт”, дар Осиёи Миёна ин аввалин ҳолати кашфи гӯрест, ки бо чунин шева дафн шудаанд: “Ин ҷасадҳо мисли ошиқу маъшуқ, яъне яке аз поён ва дигарӣ аз боло бо ороишоти гуногун ёфт шуданд”.
Бостоншиносон муътақиданд, ин қабр ба давраи Ҳайтолиён рост меояд. Дар ин қабр кӯзача, ханҷар, тангаҳои гуногун ва ангуштарию гарданбанди занона ва мардона ҳам пайдо шудааст: “Қисмати асосии ин бозёфтҳо имрӯз дар озмоишгоҳи Институти таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор доранд”.