9,5 сол-ҳабси Прокопчук барои парондани ҷавони тоҷик
Додгоҳи шаҳри Самара Николай Прокопчук, шаҳрванди 23-солаи Русияро барои парондани шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон ба 9,5 соли зиндон маҳкум кард.
Тибқи иттилоияи мақомоти тафтишотии Русия Прокопчук дар мурофиа иддао дошт, ки Искандар Бердиевро барои ҳимояи дӯсташ парондаст.
Ҳодиса 19-уми сентябри соли 2015 дар тарабхонаи “Разгуляй”-и шаҳри Самара рух додаст: “Соати 4:00-и субҳ миёни ду гуруҳ муноқиша сар зада, дар беруни тарабхона идома ёфтаст. Дар пайи муноқиша Прокапчук силоҳи шикории “Сайга”-ашро аз бордони мошин гирифта, ҷавони тоҷикро парондаст”.
Дар пайи қатли ҷавони тоҷик Прокапчук, ки зодаи шаҳри Уляновск мебошад, аз ҷои ҳодиса ғайб зада, танҳо баъди 5 рӯз-24 сентябр ихтиёран ба мақомоти пулиси Самара ҳозир шуда буд: “Ӯ изҳор доштааст, ки аз тарси қассоси дӯстони ҷавони тоҷик гурехт ва иддао пеш гузоштааст, ки тирро барои ҳимояи дӯсташ-Василий холӣ кардаст”. Ӯ гуфтааст, Бердиев сӯи Василий бо корд ҳамла кардааст, аммо мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳӣ ба ӯ бовар накардаанд.