ВКД дар ҳаводиси Оқтеппа “изи Сурия”-ро ёфтааст
Вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфтааст, ҳамлагарон дар Оқтеппа қабл аз анҷом додани амали терроистӣ изҳороти кадом як имоми суриягиро гӯш кардаанд.
“Бо сароҳат мегӯям, вақте ки онҳо дар хона ҷамъ шуданд ба як изҳороти кадом имом суриягӣ гӯш медоданд, ки мегуфт, лозим аст як ҷиҳоди муқаддас анҷом диҳем ва пешниҳод кардааст, ки ин амал худи имрӯз анҷом шавад”,- гуфтааст Калмуханбет Қосимов.
Вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфтааст, дар он манзил 45 нафар будаанд, аммо 19 нафари онҳо аз анҷом додани амали террористӣ даст мекашанд: “29 тани дигар розӣ шуда мераванд. Дар роҳ 3 нафар даст мекашад. Мо аз навори дурбинҳо мебинем, ки ба мағоза 25 кас медароянд”.