Ду қории навраси тоҷик дар озмуни Дубай: Яке аз номи Русия дигаре аз Тоҷикистон (ВИДЕО)
Дар озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар Дубай, ки ҳамасола дар моҳи шарифи Рамазон баргузор мешавад, имсол Тоҷикистонро Нуъмонҷон Абдуқодиров, навраси 16-солаи тоҷик намояндагӣ мекунад.
Тибқи иттилоияи баргузоркунандаҳои озмун имсол дар 20-умин мусобиқаи байналмилалии ҳофизони Қуръон дар Дубай 160 қорӣ аз кишварҳои ҷаҳон рақобат мекунанд. Қироати Қуръон аз ҷониби намояндаи Тоҷикистон 13-уми июн сурат гирифта, хуш пазируфта шудааст.
Озмуни имсола таҳти унвони “20 сол дар хизмати Қуръон” бо дастгирии Шайх Муҳаммад бин ал Мактум, ҳокими Дубай аз 6 то 24 июн идома меёбад.
Дар озмуни имсола навраси дигари тоҷик- Аёмиддини Фахриддин, фарзанди муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз номи Русия баромад мекунад. Номи Аёмиддини Фахриддин қории навраси тоҷик замоне расонаӣ шуд, ки навори имтиҳон ва санҷиши ӯ дар як шабакаи телевизионии арабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 4 миилион тамошобин пайдо кард. Ин навор бо номи “Ин тифл, бидуни баҳс муъҷизаи асри мост” (бо забони арабӣ) аз сӯи Муҳаммад абу Халифа, як корбар аз Урдун гузошта шудааст. Аёмиддини Фахриддин бо ин ки қории мураттаби Қуръон аст, вижагиҳои дигаре низ дорад. Ӯ тамоми саҳафоти Қуръонро бо матнҳояшон ҳифз кардааст ва ҳангоме аз вай пурсида шавад, ки дар фалон саҳифаи ин китоби муқаддас кадом оя ва кадом сура аст, бидуни мушкил ҷавоб медиҳад. Ва ё агар ояе гуфта шавад, бидуни ин ки ба кадом китобе назар андозад, рақами оя ва рақами саҳфаи Қуръонро номбар мекунад.