Ҳамдардии Э.Раҳмон ба Обама барои ҳамлаи хунин дар Орландо
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми июн дар робита ба ҳамлаи хунин ба клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар шаҳри Орландо ба Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи тасаллият ба Барак Обама изҳор доштааст, ки хабари амали террористӣ дар шаҳри Орландои Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро, ки мӯҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандони кишвар гардид, бо андӯҳи бузург ва нафрати беандоза дарёфтам: “Мавҷи даҳшатангези терроризм, ки аслан на дин дораду, на ватану на миллат, имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифта, бори дигар зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеъона таъкид менамояд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми Амрико ва наздикону пайвандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ карда, барои маҷруҳшудагон шифои комил хостааст.
Ҳамла ба клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар шаҳри Орландо нисфи шаби шанбе ба якшанбе рух дод, ки 50 куштаю 53 маҷруҳ барҷой гузоштааст. Тибқи иттилои расонаҳои Амрико Умар Матини 29-сола нисфи шаби шанбе ба якшанбе вориди клуб шуда, оташ кушодааст ва баъди ҳозир шудани пулис боз 30 нафари дигарро гаравгон гирифтааст. Дар натиҷаи амалиёти пулис Умар Матин кушта ва гаравгонҳо озод шудаанд.
Масъулияти ин ҳамларо “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифтааст. Ахиран мақомоти Амрико изҳор доштанд, ки Умар Матин қабл аз ҳамла ба пулис занг зада, изҳор доштааст, ки барои вафодорӣ ба "ДИИШ" савганд ёд кардааст.