Муҳиддин Кабирӣ: Мо иштибоҳ кардем...
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ интизорот аз сабрашонро иштибоҳ гуфтааст.
Ӯ дар як суҳбат бо радиои “Замона” хушбинии ҳизбаш ва дигар неруҳои мухолиф нисбат ба ҳукумату ҳокимонро яке дигар аз иштибоҳҳо хондааст: “Мо фикр мекардем, ки агар сабру таҳамул кунем, мардум ба хиёбон нарезад ва мардумро ба раҳпаймоӣ даъват накунем, кофӣ аст давлат ҳам, ки раъйи воқеъии моро медонад, ки наздики 50 дарсад буд ва аз тарафи дигар ҳам мебинад, ки мо ба хотири дуздидани раъйамон ба майдон намерезем. Бароямон сулҳу ваҳдат аҳамияти зиёд дорад. Шояд ин омилҳоро ба назар бигирад ва самти муколама, гуфтугӯ ва эътирофи дигарон ҳаракат кунад, вале мо инҷо иштибоҳ кардем. Ман бояд эътироф кунам, ки иштибоҳи мо дар наҳзат ва умуман дар неруҳои опозитсионӣ он буд, ки аз ҳад зиёд нисбати ҳукумат ва ҳокимон хушбин будем. Мо бехабар аз он ки онҳо ба ҷойи ҳамкорӣ кардан ва дари гуфтунӯро боз кардан як тарҳеро кашиданд, ки бояд ба ҳар қиммате, ки бошад наҳзат ва дигар неруҳои мухолифро аз саҳна берун кунанд”.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ баъд аз интихоботи парлумонии соли 2015, ки ҳеч намояндаи ҳизб натавонист ба Маҷлиси намояндагон ворид шавад, Тоҷикистонро тарк намуд. Баъд аз ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015, ки миёни мардум ҳамчун “исёни Ҳоҷи Ҳалим” маъруф аст, мақомоти Тоҷикистон Кабирӣ ва ҳизби ӯро дар ҳамдастӣ бо муовини собиқи вазири мудофиа муттаҳам карданд. Ба дунбол фаъолияти ҳизби наҳзат мамнӯъ шуд ва даҳҳо узви аршади он боздошт гардиданд. Ахиран, Додгоҳи олӣ ду муовини раиси ҲНИТ-ро ба ҳабси абад ва дигаронро аз 2 то 28 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.
Акс аз торнамои Радиои Замона