Убайдуллоев: Аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намоед
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ ба масъалаи назорати иҷрои мақсадноки қисми хароҷоти буҷа дахл кардааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдор ба “Озодагон” гуфт, дар ин ҷаласа, ки 13 июн баргузор шуд, Убайдуллоев аз ҳамаи раҳбарони субъектҳои хоҷагидории аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда талаб кард, “бо инобати таъсиргузор боқӣ мондани буҳрони молиявии ҷаҳонӣ аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намуда, бо шаффофият ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ сарфаву истифодаи таъинотии маблағҳоро таъмин созанд”.
Манбаъ афзуд, “раиси шаҳр ҳамчунин диққати масъулини сохторҳои аз буҷети шаҳрӣ маблағгузоришавандаро ҷиҳати бо ибрати шахсӣ дар доираи 130 рӯзи ободонӣ саҳм гузоштан ба татбиқи бо мароми муқаррароти қарори раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукуҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” нигаронида, ба Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” дастур фармуд, ки бо пешбурди мониторинги ҳамарӯза, воқеияти ҳиссагузории онҳоро дар ин сабқати созандагӣ манзури шаҳрдорӣ ва сокинони шаҳр намояд”.