Бозхонии “Чор ҷавон”-нахустин суруди Муборакшо аз сӯи Ҷонибек (САДО)
Ҷонибек Муродов, сарояндаи ҷавони тоҷик, “Чор ҷавон”, нахустин суруди овозхони марҳум Муборакшо Мирзошоевро бозхонӣ кардааст.
Ҷонибек имрӯз, 13-уми июн суруди “Чор ҷавон”-ро дар иҷрои худ пешниҳоди мухлисон карда, изҳор дошт, ки онро ба ёди шодравон Муборакшо бозхонӣ намудааст.
“Чор ҷавон”-нахустин суруди Муборакшо Мирзошоев мебошад, ки дар 14-солагияш эҷод кардааст.
Муборакшо Мирзошоев 19-уми августи соли 1961 дар деҳаи Емси ноҳияи Рӯшон таваллуд шуда, имсол 55-умин солгарди мавлуди ӯ таҷлил мегардад. Марҳум моҳи феврали соли 2000-ум дар авҷи ҷавонӣ аз дунё даргузашта, дар зодгоҳаш ба хок супурда шудааст.