25 сол ҳабси ҷавоне, ки ҳамсояи худро кушта, ба фарзандонаш ҳамла кардааст
Додгоҳи шаҳри Душанбе як ҷавони 24-соларо дар куштори ҳамсояашон муҷрим шинохта, 25 сол аз озодӣ маҳрум намудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Додгоҳи шаҳри Душанбе, Ислом Изатов ин муҳлатро дар муасисаи ислоҳии дорои низомаш сахт пушти сар хоҳад кард. Манбаъ мегӯяд, Изатов шаби 17 сентябри соли 2015 дар ҳолати мастӣ ба манзили Ҳикоят Кенҷаева, ки дар ҳамсоягиашон зиндагӣ мекардааст, рафта, “бо бераҳмии махсус” ӯро бо корд ба қатл расондааст: “Номбурда баъди ба қатл расонидани Ҳикоят Кенҷаева бо мақсади суиқасди куштор ба фарзанди ӯ — ноболиғ Қарчиев Сироҷиддин Саймуддинович ҳамла карда, бо корд 4 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими ӯ мезанад. Инро дида, духтараш - ноболиғ Мадина Қарчиева доду фиғон мебардорад. Қотил ба ӯ низ ҳамла мекунад”.
Додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, Мадина Қарчиева ба саҳни ҳавлӣ гурехта доду фиғон мекунад. Ислом Изатов ӯро дастгир ва бо дастонаш буғӣ мекунад. Хуршед Шарипов доду мағалро шунида, садо баланд мекунад ва Изатов аз ҷои ҳодиса мегурезад. “Баъди содир кардани ҷинояти мазкур дар шими И.Изатов пай ва осори ҷиноят, яъне хуни Ҳикоят Кенҷаева боқӣ монда буд, ки номбурда ин либосҳояшро дар манзили истиқоматиашон иваз мекунад. Келинашон — Шарипова Алифмо Муҳсиновна ҳолати даст ба ҷинояти махсусан вазнин задани додари шавҳараш — И. Изатовро фаҳмида, қасдан бо мақсади ғараз ва манфиатҳои шахсӣ шими номбурдаро, ки дар онҳо пай ва осори ҷиноят мавҷуд буд, аз ҳуҷраи хобаш гирифта, оид ба ин ҳолат ба мақомоти давлатӣ хабар надода, онҳоро дар хоҷатхона партофта, бо ин роҳ ба манфиатҳои давлатӣ доир ба адолати судӣ зарар расонидааст”.
Додгоҳ Алифмо Шариповаро бо моддаи 347 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 сол аз озодь мащрум кардааст.