Хабари назорати рӯзадорон дар Чин
Мақомоти Чин барои аъзои Ҳизби коммунист, хизматчиёни давлатӣ, донишҷӯён ва ноболиғон рӯза гирифтанро манъ кардааст. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ бо такя ба манобеашон дар ин кишвар хабар медиҳанд.
Ба иттилои ин манобеъ дар вилояти Шинҷон барои гуруҳе иҷозаи рафтан ба масоҷид ва иштирок дар чорабиниҳои диниро намедиҳанд. Мусалмонони уйғур муваззаф шудаанд, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳои худро рӯзона фаъол намоянд.
Волидони хонандаҳои мактаб пайваста аз сӯи намояндаҳои ҳукумат пурсида мешаванд, ки фарзандонашон рӯза медоранд ё на: “Илова бар ин тамоми масҷидҳои Шинҷон 24 соат зери назорати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият буда, ҳуҷҷатҳои нафароне, ки ба масҷид медароянд, санҷиш мешавад”.
Акс аз islamnews.ru