Консертҳои ройгони хонандаҳои Тоҷикистону Фаронса дар Душанбе
Бахшида ба Иди мусиқӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки овозхонҳои Тоҷикистону Фаронса силсилаконсертҳои ройгон баргузор мешавад.
Амалхонум Гаҷиева, масъули маркази фарҳангии “Бактрия” имрӯз, 13 июн дар нишасти хабарие гуфт, ин барномаҳои ҳунарӣ аз 23 то 25 июн доир хоҳанд шуд: “Чорабинии мазкурро “Бактрия” ва Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунанд”.
Иди мусиқӣ бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Фаронса аз соли 1982 таҷлил мешавад. Ҳадафи он болида сохтани хотири шаҳрвандон бо роҳандозии консертҳо дар фазои кушод бо иштироки ҳунармандонӣ касбӣ гуфта мешавад.
Клара Гримо, масъули чорабинии имсолаи таҷлили Иди мусиқӣ дар Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар консерти рӯзҳои 23 ва 25 июн, ки дар меҳмонхонаи “Серена” ва қаҳвахонаи “Москва”-и шаҳри Душанбе мегузаранд, сарояндаи маъруфи фаронсавӣ Отилли Б ва гуруҳи “Булбулони Тоҷикистон”-и Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.