Ифтихорнома ва дучарха. Қадрдонӣ аз ду наврас, ки аз об маводи нашъадор ёфтанд (ВИДЕО)
Ду хонандаи мактаб дар ноҳияи Восеъ аз дохили дарё маводи мухаддир ёфта, онро ба маъмурини пулис таслим кардаанд.
Давлаталӣ Тоҳиров ва Рамшеди Ҷамшед, хонандаҳои мактаби таҳсилоти умумии №4-и деҳаи Қурбоншаҳид баъди таъмири мактаб ба дарёи Сурхоб оббозӣ мераванд. Давлаталӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳангоми оббозӣ ногоҳ чашмашон ба як баста ва ду халтаи бо румолҳои афғонӣ печонидашуда афтид ва онҳоро ба соҳил бароварданд. Ӯ мегӯяд, намедонистанд, ки дохили ин бастаҳо чист, аз ин рӯ аз Тӯрахон Каримови 36-сола, ки аз роҳ мегузашт хоҳиш карданд ба милиса занг занад. “Кормандони милиса омада, халтаҳоро аз назар гузаронданд ва маълум шуд, ки он маводи нашъадор будааст”,-мегӯяд Давлаталӣ.
Бино ба иттилои Шӯъбаи умури дохилӣ вазни умумии маводи мухаддири ёфтшуда 27 килло будааст.
Рамшед, навраси дигар, ки маводи нашъадорро ёфтааст, мегӯяд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз онҳо ва волидонашон баёнот гирифтаанд.
Рӯзи 7 июн Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Восеъ дар як маросим дар ҳузури омӯзгорону хонандаҳои мактаб ба ин ду наврас ифтихорнома ва дучарха тақдим кардаанд. “Ба мо гуфтанд, ки имкон дорем, ки баъди хатми мактаб ба колеҷи милисияи шаҳри Кӯлоб дохил шавем”,-гуфт Рамшед.
Давлаталӣ мегӯяд, ӯ аз хурдӣ орзӯи корманди милиса шуданро дорад: “Вақте мо боиси наҷоти одамон аз ин маводи марговар шудем, далерию шуҷоати ман бисёр гашт. Кушиш мекунам аз ин дида, корнамоиҳои бузург анҷом бидиҳам”.
Раҷабмоҳ Зарифова, мудири мактаби №4-и рустои Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ ба “Озодагон” гуфт, аз ин амали шогирдонаш руҳбаланд шуданд: “Давлаталӣ ва Рамшед аз хонандаҳои фаъоли мактабанд. Рафтори намунавиашон дар дарсҳо ва ҳурмату эҳтиромашон нисбати омӯзгорон аз тарбияи дурусти падару модарашон ҳам сахт вобастагӣ дорад”.