Суҳбати коргардони филм дар бораи тоҷикон: Аз фасоду исломгароӣ то орзуи ҳамсояи Президент
Денис Шабаев, коргардони филми мустанади “Кори бегона”, ки аз ҳаёти Фаррух, як муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, дар бораи бардоштҳои худ аз тоҷику Тоҷикистон суҳбат кардааст.
Ин коргардони рус, ки тайи беш аз як сол ҳаёти Фаррух ва хонаводаашро дар Русияю Тоҷикистон наворбардорӣ кардаасту филмаш чанд ҷоизаро соҳиб шуд, дар ҳошияи ҷашнвораи “Кинотавр”, зимни як мусоҳибаи худ аз тоҷикон тавсиф кардааст. Ӯ ҳамчунин вазъи зиндагиро дар Тоҷикистон сангин ва кишвари моро як кишвари авторитариву фасодзада унвон кардааст.
Денис Шабаев зимни суҳбат дар бораи филми “Кори бегона”, ки ба сарнавишти муҳоҷирони тоҷик оид аст, изҳор доштааст, ки зиндагии муҳоҷирони тоҷик хеле зуд тағйир мекунад: “Барои мисол ман дар бораи як муҳоҷир мехостам филм бисозам, вале ӯро хеле зуд аз Русия ихроҷ карданд ва маҷбур шудам қаҳрамони нав бикобам”.
Шабаев дар бораи қаҳрамони филмаш бо номи Фарух, ки барои филмбардорӣ борҳо ба хонаашон ба Душанбе омадааст, мегӯяд: “Онҳо хонаи бисёр хубе дар маркази Душанбе, дар паҳлуи қасри Президент доранд, вале дар Маскав онҳо дар як вагонча зиндагӣ мекунанд”.
Филми ҳуҷҷатии "Кори бегона" дар бораи Фаррух мебошад, ки барои пайдо кардани маблағ ба Русия меравад ва дар баробари ин мехоҳад ҳунарманд шавад: “Дар ин филм Фаррух, муҳоҷири ҳамроҳ бо падару модар ва бародараш, ки дар Маскав зиндагӣ мекунанд, барои ба даст овардани маблағ розӣ ҳаст ҳамаи корро анҷом диҳад. Вале Фаррух танҳо барои пайдо кардани маблағ ҳамсару фарзандони худро дар Ватан танҳо нагузоштааст, ӯ инчунин орзу дорад, ки ҳунарманди муваффақ низ гардад”.
Шабаев мегӯяд, дар пайи шинохти хубаш аз тоҷикон эҳтиромаш нисбати ин халқ афзоиш ёфтааст. Ӯ инчунин дар бораи як корманди Хадамоти федеролии муҳоҷират (ФМС)-и Русия дар Тоҷикистон қисса кардааст: “Кормандони “ФМС” дар Тоҷикистон ба ман хеле кӯмак карданд. Яке аз онҳо гуфт, баъди ду соли кор дар Тоҷикистон ва дидани тоҷикҳо аз дохил дигар забонаш намегардад, ки тоҷикҳоро “чурка” хитоб кунад”.
Ин коргардон муътақид аст, ки ошноии бештар бо тоҷикҳо аз дохил муносибати русҳоро бо онҳо метавонад тағйир бидиҳад.
Ба саволи хабарнигор дар мавриди ин ки фарҳанги тоҷикон решаи бисёр бостонӣ дорад, вале дар баъзе ҳолатҳо ин мардум барои ба даст овардани иҷозаи кору иқомат дар Русия таҳқир мешаванд ва оё онҳо дар ин маврид ғурури худро таҳқиршуда медонанд, чунин посух додааст: “Ин барои ман ҳам муаммост. Шумо ҳодисаи марги кӯдакаи 5-моҳаро дар Питер ба хотир доред, ки аз амали милисаҳо фавтида буд ва модарашро бо кӯдаки мурда ихроҷ карданд. Ин ҳодиса бисёр нангин буд, вале дар Тоҷикистон касе вокунише накард. Ҳамчунин муносибати “ФМС”-ро тоҷикон ба сифати таҳқир намепазиранд. Онҳо худро аз Русия ҷудо намекунанд ва то кунун бо он руҳия зиндагӣ мекунанд, ки ҷузъи шӯравиянд. Вале дар Русия онҳоро ҳамчун бегона, “сиёҳ” мепазиранд. Бо вуҷуди фарҳанги қадима онҳо ба шароите, ки инҷо интизорашон мебошад, худро таҳқиршуда намедонанд”.
Шабаев гуфтааст, ки агар ба тоҷике муяссар шавад, ки дар Русия ба чизе муваффақ шаваду бимонад, дар ватанашон ӯро инсони муваффақ меҳисобанд. Дар деҳот хонаҳои касонеро, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд нишон медиҳанд, ки бар асоси меъёрҳои маҳаллӣ хонаҳои зебое мебошанд.
Коргардони рус илова намудааст, ки дар Тоҷикисто зиндагӣ дар ҳақиқат сангин аст, фасод ба таври боварнакарданӣ вуҷуд дорад ва ислом ба таври хеле фаъол пеш меравад: “Бисёриҳо медонанд, ки дар ҷануби ин кишвар борҳо парчами сиёҳи ДИИШ барафрохта шудааст, вале дар як кишвари фасодзадаи авторитарӣ бунёдгароии исломӣ як навъи мубориза барои озодӣ аст ва чизи дигаре нест. Дар Душанбе ҳоло ба таври хеле пурсарусадо сохтмонҳо идома доранд, вале намедонам дар онҳо чаро тоҷикон неву чиниҳо кор мекунанд. Деҳоте ҳаст, ки танҳо онҷо занҳо, кӯдакон ва як ду мӯйсафед боқӣ мондаанд ва мардҳо ҳама яксара ба Русия омадаанд. Ва ҳамаи инҳо мавзуъҳои бисёр ҷолибе барои киносозӣ мебошанд”.
Шабаев гуфта, ки тоҷикон талош доранд, ки худро ба русҳо мутобиқ кунанд ва касоне, ки имкон доранд кӯдакони худро ба мактабҳои русӣ месупоранд.
Бояд гуфт ин филми Денис Шабаев "Кори бегона" дар ҷашнвораи филмҳои ҳуҷҷатии "Нигоҳи воқеӣ" дар Швейсария соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин дебюти навоварона" шуда буд.