Санаи сабқати “Локомотив” бо “Истиқлол” муайян шуд
Санаи баргузории бозии дӯстонаи тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикситон бо тими “Локомотив”-и Маскав, қаҳрамони дукаратаи Русия муайян гардид.
Тибқи иттилои торнамои бошгоҳи тими “Истиқлол” бозии рафиқона бо Локомотив 26 июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар асоси шартнома Игор Черевченко, зодаи Тоҷикистон сармураббии тими “Локомотив” ҳайати асосии дастаашро ба Душанбе хоҳад овард.
Торнамои бошгоҳи “Истиқлол” мегӯяд, бозии мазкур ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда, чорумин дидори варзишгарони тоҷик бо тими “Локомотив” хоҳад буд.
“Локомотив” яке аз дастаҳои овозадор, қаҳрамони дукаратаи Русия буда, сармураббии он Игор Черевченко, собиқ футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.