ВИДЕО: Нашри клипи нави Шабнам, ки қабл аз “ҳоҷибибӣ” шуданаш сабт гардидааст
Студияи “Tamoshow” клипи нави сарояндаи маъруфи тоҷик Шабнами Сурайё-"Маёзорам"-ро пешниҳоди омма кардааст, ки ба гуфтаи ноширон навори он ҳанӯз қабл аз ҳоҷибибӣ шудани ин овозхон сабт шудааст.
“Tamoshow” клипи нави Шабнамро ҳафтаи равон пешниҳоди мухлисон карда, таъкид намудааст, ки он соли 2013 сабт гардидааст. Чанде баъд аз сабти ин клип хонум Шабнам тобистони соли 2014 ба Ҳаҷ рафта буд.
Нашри ин клип дар ҳолест, ки ахиран Шабнам ва Ҷонибеки Мурод изҳор доштанд, ки моҳи Рамазон истироҳат хоҳанд кард ва баъдан сабти суруду клипҳо барои албоми навашонро идома хоҳанд дод. Шабнами Сурайё гуфт, ният дорад дар баробари “Только ты и я" чанд суруди дигарро низ бо забони русӣ сабт кунад.
Шабнам ва Ҷонибек мегӯянд имсол ҳудуди 40-50 консерти муштаракро дар Аврупо, Амрико, Австралия ва дигар нуқоти ҷаҳон ба нақша гирифтаанд.