Эълони раёсати нави “Тоҷиксодиротбонк”: Интиқоли пулро оғоз кардем
Раҳбарияти нави “Тоҷиксодиротбонк”, ки ахиран аз ҷониби Бонки Миллӣ барои се моҳи оянда таъин шуд, эълон кард, ки интиқоли маблағ тариқи намояндагиҳои бонкро оғоз кардааст.
Тавре аз бонки мазкур ба “Озодагон” итттилоъ доданд, аз 9-уми июн интиқоли пули миллиро тариқи ҳамаи намояндагиҳо дар Тоҷикистон роҳандозӣ карданд: “Шаҳрвандон метавонанд тавассути филиал ва марказҳои хизматрасонии Тоҷиксодиротбонк ба тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки воҳидҳои сохтории бонк мавҷуданд, интиқоли маблағро бо пули миллӣ – сомонӣ анҷом диҳанд”.
Манбаъ дар мавриди интиқоли пул аз хориҷ изҳор дошт, ки дар дафтари асосии бонк дар Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 47 низомҳои байналмилалии “Золотая Корона”, “Контакт”, “Юнистрим”, Western Union, Interexpress ва Caspian Money Transfer фаъол карда шудаанд ва мизоҷон метавонанд маблағҳои интиқолии худро аз хориҷ тавассути ин низомҳо дастрас намоянд.
Қаблан раёсати “Тоҷиксодиротбонк” изҳор дошт, ки пардохти маоши мизоҷон, тариқи кортҳои ин бонкро оғоз намуд. Раёсати нави бонк мегӯяд, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, дар марҳалаи аввал пардохти маблағҳои музди меҳнат ва амонатҳои муҳлаташон поёнёфтаи муштариёнро таъмин хоҳад кард.
“Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд, ахиран эълон карда буд, ки 50 дарсади саҳмияҳояшро барои фурӯш ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод кардааст. Тоҷиддин Пирзода, раиси бонк, ки моҳи гузшашта дар Лондон қарор дошт, дар суҳбат бо нашрияи “BNE Intellinews” гуфт, дар баробари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сармоягузорони дигарро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, то маблағи бештаре ҷалб намоянду уҳдадориҳоро назди мизоҷон пурра иҷро кунем.
Моликони саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” 5 ширкат-“Евразия”-58,89%, “Мелодиён”-11,65%, “Эҳсон”-10,99%, “Медиа Плюс”-7,38% ва “Восток”-1,11% мебошанд, ки аз инҳо ширкати “Евразия” ба Пирзода марбут дониста мешавад.
Георгий Орлов, мудири БАТР оид ташкилотҳои молиявии Русия ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, дар пайи коҳиши содироти мол ва воридоти маблағи муҳоҷирон, низоми бонкии Тоҷикистон ба мушкилот рӯбарӯ шудааст. Ӯ афзудааст, дар пайи коҳиши воридоти маблағ аз хориҷ бисёре аз шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон натавонистаанд, қарзҳои бонкиро саривақт пардозанд, ки дар натиҷа бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар иҷрои уҳдадориҳояшон ба мушкилот мувоҷҷеҳ шудаанд.