“360”: Шаҳрванди Тоҷикистон талош кардааст бо шиносномаи тақаллубӣ вориди Кремл шавад
Як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон рӯзи гузашта, 9 июн талош кардааст бо шиносномаи қалбакӣ вориди Кремл шавад.
Телевизиони "360" мегӯяд, дастгиршуда ба корманди Хадамоти федеролии муҳофиза шиносномаи тақаллубӣ ба номи сокини 33-cолаи вилояти Тверро пешниҳод кардааст: “Ин ҷавон дар шиноснома акси худашро часпондааст. Санадро барои санҷиш фиристодаанд”.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи шаҳрванди Тоҷикистон аз ин амал ҳанӯз маълум нест.