Баҳси решашиносии вожаи тоҷик дар манбаъҳои тоисломӣ дар Академия
Дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша”-и Академияи илмҳо решашиносии вожаи тоҷик дар сарчашмаҳои таърихии тоисломӣ, аз ҷумла юнонӣ, чинӣ, арманӣ ва тибетӣ ба баҳс кашида мешавад.
Тибқи иттилои дастандаркорони маҳфил дар ин мавзуъ Саидмурод Бобомуллоев, доктори илми таърих суханронӣ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки мавзуи мавриди назар аз мавзуъҳои пурбаҳс дар доираи олимон ва ховаршиносон буда, сари он ихтилофоти назари бисёре вуҷуд дорад.
Оғози маҳфил 14-уми июн соли ҷорӣ, соати 14.00.