Пули бештари ИМА барои ҷанги иттилоотӣ бо Русия дар Осиёи Марказӣ
Вазорати умури хориҷаи ИМА аз ҳукумати кишвараш дархост кардааст, ки дар соли 2017 барои идомаи ҳамкорӣ бо расонаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пули бештар ҷудо кунад. Чунин як изҳорот аз номи Дэниел Розенблюм, муовини ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури Осиёи Марказӣ расонаӣ шудааст, ки ба назари вай дар ин минтақаи “мошини тарғиботии Русия” хеле фаъол мебошад.
“Бисёр муҳим аст, ки расонаҳои Осиёи Марказӣ ва мардуме, ки онҳо барояшон кор мекунанд ба сарчашмаҳои гуногуни иттилооти мунсифона дастрасӣ дошта бошанд ва ба якдигар такя накунанд”, - гуфтааст Розенблюм.
Ин дипломати амрикоӣ гуфтааст, ки дар чунин ҳолат хабарҳо метавонанд “яктарафа” ва нодуруст бошанд ва ба ин манзур мо дар назар гирифтем, ки маблағгузориро бо мақсади идомаи ҳамкорӣ бо идораи расонаҳои Осиёи Марказӣ бештар кунем. Розенблюм гуфтааст, ки гап дар бораи боло бурудани касбияти рӯзноманигорон, кайфияти маводи онҳо ва ҳамчунин тавсеаи мухотабини онҳо меравад.
Ин мақоми амрикоӣ дар ин изҳороташ бо сароҳат таъкид кардааст, ки “кишварҳои ин минтақа бо Русия равобити таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давомдоре доранд ва ба онҳо муҳим аст, ки бо дигар кишварҳо низ муносибат дошта бошанд, ки метавонад ба онҳо фоида ҳам биоварад”.
Розенблюм инчуни гуфтааст, ки “мошини тарғиботи Русия, ки хеле хуб маблағгузорӣ мешавад таъсири чашмгире ба афкори оммавии сокинони Осиёи Марказӣ гузоштааст”.
Ин изҳороти дипломати амрикоӣ дар ҳолест, ки чанде пештар Виктория Нуланд, ёвари вазири хориҷаи ИМА гуфта буд, ки “зарфиятҳои ИМА барои рақобат бо “тарғиботи Русия” кофӣ нестанд”.
Бар пайи чунин изҳороти дипломатҳои амрикоӣ, вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров, чанде пештар гуфта буд, ки роҳбарияти НАТО ва як қатор кишварҳои аврупоӣ доранд дар бораи “таҳдиди Русия” миф мепарокананд. Дар охири январи ин сол муовини сардори Академияи Ситоди генералии Неруҳои Муссалаҳи Русия Сергей Чварков ҳам гуфта буд, ки алайҳи Русия ҷанги ошкорои иттилоотӣ роҳ андохта шудааст.