Ў дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Фаронса – 24» гуфт: «Он чӣ дар мавриди пофишории ман ба идомаи ҳукумат рондан мунташир мешавад, дуруст нест. Ман омодагӣ дорам тайи 90 рўз пас аз имзои тарҳи Шўрои ҳамкории кишварҳои Халиҷ аз қудрат канор биравам.
Аз сўйи дигар, мухолифонаш эътирозу роҳпаймоиҳоро идома дода, Абўбакр Бозиб аз раҳбарони мухолифи Солиҳ дар гуфтугў бо шабакаи «Ал-арабия» изҳор дошт, ки Солиҳ аз имзои тарҳи Шўрои ҳамкории Халиҷ барои поён додан ба бўҳрони ҷорӣ худдорӣ мекунад. Алӣ Абдуллоҳ Солиҳ алорағми мувофақати аввалия бо тарҳи кишварҳои арабии Халиҷ то кунун чандин бор аз имзои тарҳ худдорӣ кардааст.Ин тарҳ ҷадвали замонбандишудаи мушаххасеро барои канорагирии тадриҷии Солиҳ аз қудрат ва ташкили Шўрои миллӣ, сипас баргузории интихобот ироа мекунад.
Имсол дар пайи инқилобҳои мардумӣ дар кишварҳои арабӣ Зайнулобидин бин Алӣ - президенти Тунис ба Арабистони Саудӣ фирор кард, Ҳуснӣ Муборак – раисҷумҳури Миср ба истеъфо рафт ва Муаммар Қаззофӣ – президенти Либия кушта шуд. Ба назари коршиносон акнун навбати президентҳои Яман ва Сурия фаро мерасад.