Манъи никоҳи хешутаборӣ-далели худкушии Моҳру ва Фарҳод
Мақомоти ноҳияи Дӯстӣ, собиқ Ҷиликул мегӯянд, ду дилдода-Моҳру ва Фарҳод, ки амакзодаҳо мебошанд, баъди радди издивоҷашон ба далели манъи никоҳи хешу таборӣ қасди худкушӣ кардаанд.
Рузигул Рустамова, раиси бахши занони ноҳияи мазкур имрӯз, 10 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин ҷуфт писару духтари амак будаанд: “Вақте хонаводаи ҷавон барои хостгорӣ ба хонаи духтар мераванд, ҷавоби рад мегиранд. Модари духтар мегӯяд, тибқи қонун никоҳи хешутаборӣ манъ аст ва ба хостгорон ҷавоби рад медиҳад. Ин ду нафар аз сабукӣ ва беақлӣ даст ба худкушӣ мезананд. Мо миёни мардум никоҳи хешутаборӣ манъ гуфта, фаҳмондадиҳиҳо мегузаронем”.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ Фарҳоди 20-сола ва Моҳрӯи 16-сола тахминан соати 07:30-и рӯзи 7 июн бо нишони эътироз алайҳи радди издивоҷашон болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи Дӯстӣ баромада, даст ба даст худро аз ҷарии 100 метрӣ поин партофтаанд: “Дар натиҷа духтари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 20-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона, бистарӣ гаштааст”. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, волидон издивоҷи ин ду навҷавонро ба делели ноболиғ будани духтар рад кардаанд.
Абдуназар Рустамов, амаки Фарҳод Рустамов имрӯз, 10 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки вазъи саломатии бародарзодааш беҳ шудааст, аммо ба далели осеб дидани сараш наметавонанд зиёд ба ӯ суол диҳанд.
Шералӣ Ҳодиев, мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи вилояти Хатлон ба “Озодагон” гуфт, вазъи саломатии Фарҳод Рустамов вазнини миёна буда, 4 қабурғаи тарафи чапаш шикастаанд: “Санаи 7 июни соли ҷорӣ, соати 9:15 дар ҳолати ниҳоят вазнин беморро оварданд. Фишори хунаш 60 ба 40 буд ва осеби мағзи сар дошт, аммо узвҳои дарунааш зарар надидаанд. Ҳозир вазъи саломатиаш вазнини миёна буда, эҳтимол то 10 рӯзи дигар табобатро дар беморхона давом хоҳад дод”.
Ин қазия дар ҳолест, ба гуфтаи Рӯзигул Рустамова дар ноҳия соли ҷорӣ як талабаи мактаб низ даст ба худкушӣ зада буд: “Як духтар-хонандаи синфи 11-ро, ки волидайнаш нагузоштанд ба туй равад, худашро овехта буд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 4 зан даст ба худкушӣ задаанд, ки яктоаш бемории рӯҳӣ дошт. Бештар дар пайи баҳсҳои оилавӣ худкушӣ кардаанд”.