Милиса корафтодаи “слансипӯш”-ро ба Вазорати маориф роҳ надод
Маъмури милисаи назди даромадгоҳи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон як корафтодаро ба далели “слансӣ”-ҳои пояш нагузоштааст, вориди бино шавад.
Алишер Раҷабализода мегӯяд, рӯзи 9 июн хост, мактуби як шиносашро аз навоҳии дурдаст ба масъули Вазорати маориф ва илм расонад, вале барои доштани “слансӣ” дар пояш милисаи назди даромадгоҳ ба ӯ иҷозаи вуруд надодаст: “Аввал гуфт, даро, аммо чун дар пойам “слансӣ”-ҳоро дид, маро аз роҳам боздошт. Гуфт бо чунин пойафзол ба вазорат омадан мумкин нест. Дар дастурамали вазорат чунин гуфта шудааст. Гуфтам дар ин гармии зиёд чунин пойафзолро интихоб кардам ва аз қабл намедонистам, ки мумкин нест. Лекин милиса розӣ нашуд, ки ман вориди бино шаваму мактубро ба нафаре, ки ному насабаш он ҷо навишта шуда буд, расонам”.
Раҷабализода афзуд, ки дар ниҳояти гуфтугузорҳо милиса танҳо иҷозат додааст, ки мактубро аз берун ба ҳуҷраи қабули ҳуҷҷатҳои вазорат супорад: “Аз масъулини ин нуқта, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, хоҳиш намудам, ки мактубро ба ҷои лозимӣ расонанд”.
Аз дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, дар дастурамали вазорат мушаххасан барои ворид шудан ба бино бо “слансӣ” чизе дарҷ нашудааст, аммо талабот чунин аст, ки либос бояд расмӣ бошад. Тибқи иттилои ин ниҳод, аслан либоси расмӣ барои кормандон гуфта шудааст: “Қабули шаҳрвандон ҳамарӯза баъди соати 2 аст, шуъбаи умумӣ аз берун ҷойи қабули мактубҳоро дорад, зарурати даруни бино даромадани шаҳрвандон ҳам нест”.