Талаби Аврупо барои раҳоии З.Саид, Азизхоҷаев, наҳзатиҳои аршад ва...
Парлумони Иттиҳоди Аврупо бо қабули қатънома аз афзоиши боздошти вакилони мудофеъ, мухолифони сиёсӣ ва наздикони онҳо изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар ин қатънома, ки 9 июни соли 2016 нашр шуд, гуфта мешавад маҳдудият дар озодии баён, интернет, мухобироти телефонӣ ва озодиҳои динӣ ҳам нигаронкунанда мебошанд. Ба ин тартиб, намояндагони Парлумони Аврупо даъват кардаанд, ки шахсони бо ангезаҳои сиёсӣ боздоштшуда, аз ҷумла Абубакр Азизхоҷаев, Зайд Саидов, Мақсуд Иброҳимов, Маҳмадалӣ Ҳайит, Сайидумар Ҳусайнӣ ва 11 аъзои дигари ҲНИТ озод шаванд.
Дар ин қатънома таъкид шудааст, “Иттиҳоди Аврупо аз тариқи Тоҷикистон барои боло бурдани ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна манфиатҳои ҳаётӣ дорад. Аммо ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо амиқан бо арзишҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ тавъам ҳастанд”.
Дар ҳамин ҳол, Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҳам панҷшанбеи 9 июн аз зиёд шудани таъқиб ва зиндонӣ шудани мухолифони сиёсӣ нигаронӣ кардааст. Дар нишасти 8-уми солонаи Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ҳуқуқи башар дар Душанбе аз Тоҷикистон дархост шудааст, гузоришҳои шиканҷа ва нақзи ҳуқуқ, мурофиаи зиндониёни мухолифин, аъзои оила ва вакилони мудофеи онҳоро ба таври комил таҳқиқ кунанд. Дар ин нишаст, ки бо ҳузури Тоиво Клаар, раҳбари умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва Шараф Каримзода, муовини сардори раёсати ҳуқуқи инсони дастгоҳи иҷроияи Президент баргузор шудааст, намояндаи Иттиҳоди Аврупо бо ишора ба нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мудофеони ҳуқуқи башар, аз масъулини тоҷик хостааст, ки кори онҳоро осон кунанд. Иттиҳоди Аврупо инчунин аз намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки фишор ба рӯзноманигоронро коҳиш дода, аз масдуд кардани сомонаҳои хабарӣ даст бикашанд.
Аврупо аз иқдоми ахир ба манзури боло бурдани тадбирҳои қонунӣ алайҳи шиканҷа истиқбол карда, мақомоти Тоҷикистонро барои иҷро шудани ин қонунҳо ва ба маҳкама кашидани дастандаркорони шиканҷа даъват кардааст.