Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон маоши кормандони соҳаи буҷавиро боло бурд. Бар пояи ин фармон маоши хидматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаву ташкилоти буҷавӣ ва андозаи нафақаву стипендия аз якуми июли соли ҷорӣ мутаносибан аз 15 то 30 дарсад боло бурда шуда, ҳадди ақали музди меҳнат 60 дарсад (400 сомонӣ) бештар мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба иҷро нагардидани нақшаи даромади буҷаи давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон ва авҷи буҳрони молӣ дар кишвар, “Озодагон” аз коршиносон пурсид: АФЗОИШИ МУЗДИ МЕҲНАТ АЗ КАДОМ ҲИСОБ Ё МАНБАЪ АСТ?
Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ, профессори илмҳои иқтисодӣ
Ростӣ ман намедонам, ки боло бурдани маош аз кадом сарчашмаҳо сурат мегирад. Инро аз раиси Бонки миллии кишвар пурсидан лозим, он кас метавонанд гӯянд, ки аз кадом ҳисоб аст.
Зафар АБДУЛЛОЕВ, коршинос
Дар сурате ки давлат бо пули миллии худ маошро зиёд мекунад, ин ҷо фикр мекунам дар масъалаи пул мушкиле нест. Ин иқдом дар аввал миқдори пулро дар бозор каме зиёдтар мекунад. Як амалиёти Бонки миллӣ низ, ки барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ гузаронида шуд, нишон дод, ки дар бозор миқдори пул кам шудааст. Фикр мекунам 15-30% боло бурдани музди маош ба иҷрои буҷаи давлатӣ ва бозор зарар намерасонад.
Мавҷуда СОҲИБНАЗАРОВА, журналист
Вақте ки тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон ба буҳрон рӯбарӯянд, вақте мардум дигар қобилияти харидорӣ надоранд, вақте корхонаҳо сари вақт маоши мардумро дода наметавонанд ва боварии мардум ба бонкҳо коста гардидаасту қарзи берунии Тоҷикистон рӯз ба рӯз афзоиш меёбад, баланд бардоштани маош ин на фақат фиреби мардум, балки фиреб хӯрдани худи ҳукумат аст. Мушовирони иқтисодии ҳукумат як бор намебинанд, ки дар бозор вазъият чӣ гуна аст?
Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ
Ростӣ ман намедонам ин аз кадом сарчашмаҳо аст, вале то ҷое иттилоъ дорам мо ҳамон даромаде, ки ба боло бурдани ҳақу ҳуқуқи мардум бояд мусоидат кунад, ҳамон маблағро надорем. Давлати мо аз ҳисоби андоз, даромадҳои гумрукӣ ва ҷарима мехоҳад камбудиҳои буҷетиро пушонад, ки ин бисёр роҳи хатарнок низ ҳаст, чаро ки ин ба пешрафти иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардум муосоидат намекунад. Он тавре ки 15-30% маош зиёд мешавад мегӯянд, шояд ин нисфи он бошад, ки сатҳи таваррум дар Тоҷикистон боло рафтааст. Албатта, ин як тарафи хуб ҳам дорад, ки боло бурдани маоши мардум иқдоми таблиғотии давлат мешавад ва мардум фикр мекунад, ки давлат дар фикри мо ҳасту маошҳоямонро зиёд мекунад, ин кор хуб аст. Аммо аз тарафи дигар давлати мо дигар илоҷ надорад, чун қавл дода буд, ки маошро зиёд мекунад, бояд иҷро намояд. Дар маҷмӯъ ин хуб аст, ки давлат талош мекунад аз сарчашмаҳои гуногун маблағ пайдо намояд ва маоши мардумро баланд кунад.
Сироҷиддин САИДМУРОДОВ, коршиноси масоили иҷтимоӣ
Дар ҳоле ки буҷаи имсола ва пардохтҳои он ба иҷро нарасидаанд, аз кадом ҳисоб боло бурдани маоши кормандон ва стипендияи донишҷӯёну ҳақмузди бознишастагӣ барои ман муаммост. Бубинед, тайи ду соли ахир интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз Русия низ ба таври назаррас (то 70-75%) коҳиш ёфта, ин ба бахши молиёту бонкдории кишвар зарар расонидааст. Ба ҳар сурат 10-20 дарсад боло рафтани ҳаҷми маоши кормандони бахши давлатӣ дар Тоҷикистон боис ба боло рафтани нарху наво дар бозори истеъмолӣ мегардад, ки ин ба ҳеч ваҷҳ ба нафъи шаҳрвандон нест. Илова ба ин дар Тоҷикистон бозори истеҳсолоти ватанӣ фаъол нест, маҳсулоти дохилӣ қариб, ки истеҳсол намешавад, пас аз кадом ҳисоб маош боло бурда мешавад? Инро бояд аз Вазорати молия ва Бонки миллӣ пурсид.
Аслиддини ҶӮРАБЕКОВ, омӯзгор
Барои ман муҳим нест, ки аз кадом сарчашмаҳо маоши кормандони соҳаи буҷавӣ баланд мешавад, муҳим ин аст, ки маоши моро зиёд намоянд ва мо дар таъмини рӯзгорамон танқисӣ накашем. Фикр мекунам албатта, ки давлат сари ин масъала чораандешӣ намудааст ва барномаи мушаххасе ҳам дорад. Дар умум ман аз ин иқдом хеле шодам ва умедворам, ки афозоиши маош дар рушди зиндагии мо то ҷое мусоидат хоҳад кард.
Сафаров МИРЗОАЛӢ, тоҷир
Буҷа асосан аз ҳисоби андозҳо, даромадҳои муваққатӣ, фурӯши коғазҳои қиматнок ва дигар сарчашмаҳое, ки қаблан ба нақша гирифта мешавад, пур мегардад. Бо зиёд гардидани манбаъҳои иловагӣ давлат низ имкони зиёд намудани музди меҳнат ва бештар намудани маблағгузории соҳаҳоро ба нақша мегирад. Агар шаҳрвандон аз бонкҳои тиҷоратӣ амонатҳои худро гирифта наметавонанд, ин мушкили бонкҳои тиҷоратӣ аст.