Ҳабси Рухшона ва ошиқаш барои қатли Тахминаи ҳомила дар Душанбе
Додгоҳи шаҳри Душанбе Рухшона Азимова, сокини 25-солаи пойтахт ва дӯстписараш- Авзалшоҳ Юсупови 23-соларо дар куштори дугонааш Тахмина Содиқова гунаҳкор дониста, аввалиро ба муҳлати 25 сол ва ошиқашро ба 26 соли зиндон маҳкум кард.
Тибқи иттилоияи расмии додгоҳ, қатли Тахмина, сокини 23-солаи ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби сокинони қаблан судшудаи пойтахт 3-юми октябри соли 2015 сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ Тахминаю Рухшона моҳи июли соли гузашта шинос шуда, дӯстӣ пайдо мекунанд ва ба хонаи ҳамдигар рафтуомад доштаанд: “Дар яке аз меҳмониҳо Рухшона ангуштарини тиллоии модари дугонаашро дуздида, дар бозори “Корвон” ба ивази 300 сомонӣ мефурӯшад. Аммо баъди огоҳӣ ва таҳдиди Тахмина, ки ба мақомот муроҷиат мекунад, Рухшона ваъда медиҳад, ки маблағи ангуштариро то 3 октябр бармегардонад, аммо дар асл бо дӯстписараш нақшаи қатли Тахминаро мекашанд”.
Додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, тибқи маслиҳат Тахмина 3 октябри соли 2015 барои маблағи ангуштарӣ меояд, вале дугонааш гуфтааст, ки пул надорад ва миёнашон боз муноқиша бархестааст: “Модари Рухшона, ки дар наздашон ҳузур доштааст, бар ивази ангуштарии дуздидаи духтараш, ангуштарии худро ба Тахмина медиҳад, бо гумони он, ки қазия ҳал шуд аз хона меравад. Аммо Рухшона аз ин ғазаболуд шуда, баъди рафтани модараш Тахминаро ба ҳуҷраи худ даъват намуда, ҳамроҳи дӯстписараш ӯро латукӯб мекунанд. Рухшона Тахминаро ба дохили ҳаммом тела медиҳад ва бо корд ба гарданаш зарба мезанад”.
Манбаъ мегӯяд, Тахмина Содиқова аз ин кирдорҳои ғайричашмдошти Рухшона ва Авзалшоҳ сахт тарсида, изҳор намудааст, ки ангуштаринро гиранд, фақат ӯро раҳо кунанд: “Тахмина гуфтааст, ки ӯ ҳомиладор аст ва пешниҳод намудааст, ки оид ба надоштани даъво забонхат менависад. Рухшона баъди гирифтани забонхати Тахмина ба маъшуқаш фармудааст, ки бо корд Содиқоваро боз занад. Юсупов то аз ҳаракат мондани Тахмина бо корд ба баданаш мезанад”.
Бар асоси иттилои додгоҳ, Рухшона Азимова ҳамроҳи маъшуқаш ҷасадро ба Маркази тиббии шаҳрӣ, воқеъ дар маҳаллаи якум Советский бурда, ба табибон ному насабашонро дурӯғ гуфта, изҳор намудаанд, ки ҷасадро аз кӯча ёфтаанд ва аз беморхона фирор кардаанд: “Табибон Тахминаро ҳанӯз зинда дарёфтаанд, аммо ӯ пайи захмҳои гирифтааш ва хунравии зиёд ба ҳалокат расидааст”.
Додрас барои маҷмӯи ҷиноятҳо Рухшона Азимоваро ба 25 сол ва Авзалшоҳ Юсуповро ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.