Пажуҳиши ҷаҳонӣ: Худкомагии ҳукумат, сулҳро дар Тоҷикистон осебпазир кард
Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ, мақараш дар Сиднеи Австралия, дар гузориши ҷадидаш “Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2016” ё худ “Global Peace Index-2016” Тоҷикистонро аз рӯи устувории сулҳу амнияти шаҳрвандон миёни 163 кишвари дунё дар мақоми 122-юм қарор додааст. Дар гузориши соли гузашта Тоҷикистон дар ҷои 108-ум қарор дошт.
Пажуҳишгоҳ дар гузориши ҷадидаш, ки натиҷаи омӯзиши ҷомеашиносону иқтисоддонҳои марказҳои илмии Австралия ва ИМА мебошад, изҳор доштааст, ки миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ амнияти шаҳрвандон нисбатан назаррас дар Тоҷикистону Украина осебпазир шудааст. Дар ҳоле, ки соли гузашта Тоҷикистон аз амнтарин кишварҳои минтақа арзёбӣ мешуд, имсол ба гуфтаи гузоришгарон дар пайи афзоиши худкомагии ҳукумат, назорати низомӣ ва вазъи бади иқтисодӣ амнияти шаҳрвандон дар Тоҷикистон бадтар шудааст.
Дар раддабандии нав Молдова дар ҷои 65, Қазоқистон-75, Гурҷистон-85, Белорус-106, Туркманистон-106, Узбакистон-109, Арманистон-110, Тоҷикистон-122, Қирғизистон-124, Озарбойҷон-134, Русия-151 ва Украина зинаи 156-умро гирифтаанд. Соли гузашта Қазоқистон дар ҷойи 87, Туркманистон - 106, Узбакистон -113 ва Қирғизистон дар мақоми 121 –ум қарор доштанд.
Кишварҳои Исландия, Дания ва Австрия дар садри ин раддабандӣ ва Сурия, Судони Ҷанубию Ироқ дар охири он ҷой гирифтаанд.
Пажуҳишгоҳи иқтисоду сулҳи Австралия мегӯяд, ин раддабандӣ бо назардошти 23 нишондод, аз ҷумла сатҳи зӯроварӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, муносибат бо кишварҳои ҳамсоя, шумораи фавтидагон дар ҷангҳои берунӣ, шумораи гурезаҳо, сатҳи ҷинояткориҳои вазнин, имкони сар задани амалиёти терористӣ, содироту воридоти намудҳои муқарарии аслиҳа, хароҷоти ҳарбӣ, миқдори қувваҳои мусаллаҳ, миқдори милисаҳо нисбати аҳолии кишвар, фоизи маҳбусон, шумораи хориҷиёни дар кишвар ҳалокшуда, сатҳи саводнокӣ ва пайравӣ аз меъёрҳои демократия дар сиёсат таҳия гардидааст.